8212 нафар ба карантин фаро гирифта шуданд

8212 нафар ба карантин фаро гирифта шуданд
Апрел 20
16:27 2020

(Дар акс Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе)

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1 феврал то имрӯз, 20 апрели соли равон 8212 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тиббии мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 7129 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 1083 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

Хушбахтона, то имрӯз дар нафарони ба карантин фаро гирифта шуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шӯъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе  бо ташхиси бемории зукоми А (H1 N1 )  ва илтиҳоби дутарафаи шуш фавтида, дар он ҳеҷ нишонае аз коронавирус ба қайд гирифта нашуд.

Номбурда 15 апрели соли равон нахуст дар Беморхонаи бемориҳои  сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе (воқеъ дар назди Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”)  бистарӣ  гардида, сипас, бо сабаби вазнин шудани вазъи саломатияш  санаи 16 апрел ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе (воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон) интиқол дода шуд. Дар беморхонаи мазкур ба Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ташхиси бемории зукоми  А, (H1 N1 ), илтиҳоби дутарафаи шуш  ва фарбеҳии дараҷаи 3 гузошта шуд.

Мутаассифона, кӯшишу талоши табибон бо назардошти истифодаи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ  ва дигар чораҳои иловагӣ натиҷа надода, номбурда  нимаи аввали рӯзи 19 апрел  фавтид.

Бояд гуфт, ки дар дараҷаи аввал аз Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ташхиси коронавирус гирифта шуда,  натиҷаи он манфӣ баромад.

Ба хотири чораҳои эҳтиётӣ айни замон тамоми пайвандони Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ба карантин фаро гирифта шуда, вазъи саломатии онҳо хуб мебошад.

Зикр намудан ба маврид  аст, ки фавти шаҳрвандон аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) дар дигар кишварҳо низ зиёд ба назар мерасад. Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи тиб, бемории илтиҳоби шуш  (пневнамия) аз инсон ба инсон намегузарад.

Гуфтан ба маврид аст, ки чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар кишвар бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ба қайд гирифта шуд, қабл аз фавт ба онҳо  ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда, натиҷаашон манфӣ  баромад. Мутаассифона,  ҳамаи ин беморони фавтида дар ҳолатҳои вазнин ба беморхонаҳо оварда шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки дар ҳолати мушоҳида гардидани аломатҳои таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина ва ғайра дар ҷисми хеш фаврӣ ба табиби оилавӣ ё минтақавии маҳалли зисти хеш занг зананд ва онҳоро ба хонаашон даъват намоянд. Ва ё дар ҳолати  ташриф овардани табибони оилавӣ дарди худро пинҳон надошта, ба онҳо аз вазъи саломатии худ ва аҳли оилаашон ошкоро ҳарф зананд, зеро пинҳон доштани беморӣ ба  ҳолатҳои фавт оварда мерасонад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 92
  • 1,058
  • 888,504