Натиҷагирӣ аз рафти татбиқи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”

Сентябр 23
10:30 2024

23-юми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷигарӣ аз ҷараёни татбиқи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”  ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарони муассисаҳои давлатии  «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»,  «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов», сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳо ва беморхонаҳои ҷумҳуриявӣ  иштирок намуданд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки фаъолияти сохтори наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти татбиқи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ба роҳ монда шудааст.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки тайи солҳои охир тавассути дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори наркологии кишвар рушд намуда, заминаи моддию техникии муассисаҳои наркологӣ тақвият ёфт, технологияҳои муосири пешгирӣ, табобат ва офиатбахшии беморон  дастрас  ва ба фаъолият оғоз намуданд.

Инчунин, тибқи талаботи бандҳои дахлдори стратегияи мазкур ва дар асоси Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ёрии наркологӣ ба аҳолӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати роҳандозии стратегияи номбурда чорабиниҳои саривақтӣ ба роҳ монда  шуда, омилҳои таъсиррасонанда дар самти болоравии сатҳи нашъамандӣ дарёфт ва арзёбӣ карда шуда, амалҳои номатлуби суйистеъмоли маводи нашъаовар ва нашъамандӣ, оқибатҳои тиббию иҷтимоии онҳо коҳиш дода шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 685
  • 1,434
  • 1,050,924