ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Вахш Коллеҷи тиббӣ ва Беморхонаи клиникии «Ибни Сино» ба истифода дода мешаванд

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Вахш Коллеҷи тиббӣ ва Беморхонаи клиникии «Ибни Сино» ба истифода дода мешаванд
Июл 22
12:21 2020

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш Майдони парчам, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маркази хизматрасонии тиббӣ, Маҷмааи фарҳангии «Офтобак», Коллеҷи тиббӣ, Беморхонаи клиникии «Ибни Сино» ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти мазкур аз гармхонаҳои гулпарварии ноҳия дидан намуда, ба фаъолияти хубашон баҳои баланд дод. Бунёди мағозаи гулфурӯшӣ низ иқдоми бамаврид арзёбӣ гардид.

Қурбон Ҳакимзода аз маркази савдои навсохти «Баҳор» дар маркази ноҳия дидан намуда, ба масъулин супориш дод, ки дар ороиши толор аз нақшу нигори миллию таърихӣ ва гулдӯзиҳо истифода кунанд.

Зимни боздид аз сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки таълимгоҳ аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон барои 480 хонанда дар ду баст сохта шуда, аз 10 синфхона иборат аст. Ҳамзамон дар ҳамин мактаб аз тарафи соҳибкорон ва волидайн 6 синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки саҳми ноҳияҳои водии Вахш дар самти рушди истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, рушди сайёҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ назаррас аст.

Ҳамчунин бо дарназардошти мавҷудияти гузаргоҳи байналмилалӣ ва бозори наздисарҳадӣ дар ноҳияи Ҷайҳун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияи Ҷайҳун, ҳамаи ноҳияҳои водии Вахш ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки дар самти ташкили иншооти сайёҳӣ, махсусан бунёди меҳмонхонаҳо ва ҳамзамон бо ин, таъсиси инфрасохтори ҳамлу нақл ва дигар иншооти ба рушди сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мусоидаткунанда тадбирҳои мушаххас андешанд.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 377
  • 1,099
  • 923,589