Қабули нахустин Кодекси тандурустӣ дар таърихи Тоҷикистон

Март 15
09:16 2017

Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи нахустин дар таърихи Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ ҷонибдорӣ намуд.

Лоиҳаи мазкурро ба аъзои Шӯро Ҳилолбӣ Қурбонзода -раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ тавзеҳ дода, гуфт: «Лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба иҷрои банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012 — 2015» таҳия ва пешниҳод гардидааст».

Зимни шарҳи моҳияти лоиҳаи Кодекси мазкур ба вакилон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода қайд кард, ки корҳои таҳияи Кодекс бо супориши президент ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд. Кодекси имрӯз қабулшуда 16 қонуни қаблан қабулшуда дар танзими масоили соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистонро иваз мекунад.

Таъкид шуд, ки лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, асос ёфтаааст. Кодекси тандурустӣ муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ бо мақсади татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ танзим менамояд. Лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 фасл, 29 боб ва 223 модда иборат мебошад. Бобҳои 1- 28 дар лоиҳаи Кодекси мазкур баёнгардида бо мақсади мукаммалгардонии низоми қонунгузории кишвар истифода гардида, фарогирии муносибатҳо дар самти бахшҳои гуногуни тандурустӣ, назири «Тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқи ба фаъолияти тиббию фарматсевтӣ машғул шудан», «Фаъолияти хусусии тиббӣ», «Тибби оилавӣ», «Тибби халқӣ», «Солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивии аҳолӣ», «Таъмини модарону кӯдакон бо кумаки тиббию санитарӣ», «Ҳифзи солимии ҷамъиятӣ, «Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ», «Маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ва ғайраҳо мебошад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Ашурова Гулбаҳор, Содиқова Насиба, Шарофидинова Мавзуна, Ахмедов Ҷаббор, Ахмедов Мирзоанвар баромад намуда, иброз намуданд, ки лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст асос ёфта, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ бо мақсади татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ танзим намуда, ба низоми тадбирҳои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тибби дошта, ки ба пешгирӣ ва табобати бемориҳо, нигоҳдории беҳдоштӣ ва санитарии ҷамъиятӣ, нигоҳдорӣ ва таҳкими солимии ҷисмонӣ ва рӯҳии ҳар як инсон, нигоҳдории ҳаёти фаъоли дарозумрӣ ва расонидани кумаки тиббӣ дар ҳолати аз даст додани солимӣ равона гардидааст.

Кодекс масоили фаъолияти тибби давлатӣ, хусусӣ ва халқиро ба танзим медарорад. Мувофиқи меъёрҳои Кодекси қабулшуда, табибони ҷавоне, ки таҷрибаи кофӣ надоранд, наметавонанд ба фаъолияти тиббии мустақилона (хусусӣ) машғул шаванд.

Вазири тандурустӣ зикр кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон 601 субъект ба пешниҳоди хизматрасониҳои тибби хусусӣ машғул мебошанд.  Дар робита ба тибби халқӣ дар Кодекс зикр мегардад, ки  «ҷодугарӣ ва расму оинҳои динӣ тибби хусусӣ эътироф шуда наметавонанд».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 375
  • 1,099
  • 923,587