Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23 июли соли 2016 ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти вазорат баргузор мегардад.
Имрӯз, 19 июни соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода як қатор шаҳрвандони кишварро, ки бо масъалаҳои гуногун ба вазорат ташриф оварда буданд, қабул намуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандонро шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, дар ин рӯз як нафар модар, ки қаблан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ӯро ҷарроҳӣ ва табобат намудааст, ба вазорат ташриф овардаву ба вазир изҳори сипосгузорӣ намуда, барои рушду пешрафти Тоҷикистони биҳиштосо даст ба дуо бардошт.