Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ва гузаронидани ваксинаи Британияи Кабир «АстраЗеника» ба шаҳрвандон, ки дар назар аст моҳҳои март-апрели соли равон ба Тоҷикистон ворид гардад, аллакай тадбирҳои заруриро амалӣ намудааст. Махсусан, дар ин самт айни ҳол дар муассисаҳои тандурустии кишвар яхдонҳо ва утоқҳои махсус омода карда шуда, инчунин, мутахассисон омӯзонида шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни шаҳрвандони кишвар пурсиш гузаронида шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки 81%-и аҳолии Тоҷикистон барои бар зидди зидди коронавирус гирифтани ваксина розӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки нахуст тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, шахсони синнашон аз 60-сола боло, гурӯҳи одамони осебпазир, ки бемориҳои ҳамрадиф доранд, хусусан, шахсони гирифтори бемориҳои қанд, гепатит, ки аз 20 то 49-сола мебошанд, ваксинаи зидди бемории коронавирус хоҳанд гирифт.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳи январ дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ то 3 март дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.