ҲАДАФ-ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати “Ромит”-и шаҳри Ваҳдат” коргоҳи мурғпарварӣ ба истифода дода шуд

ҲАДАФ-ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати “Ромит”-и шаҳри Ваҳдат” коргоҳи мурғпарварӣ ба истифода дода шуд
Август 08
17:47 2023

Амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба шумор рафта, бевосита дар партави сиёсати Ҳукумати мамлакат ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳим ва мубрам қарор дорад. Баҳри таъмини аҳолӣ бо озуқаи хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати тару тоза ва бехатари озуқаворӣ яке аз омилҳои асосии солимии аҳолӣ мебошад.

Бо мақсади таъмин намудани истироҳаткунандагон бо маҳсулоти хушсифат ва парҳезӣ имрӯз, 8 августи соли равон дар Муассисаи давлатии  “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати “Ромит”-и шаҳри Ваҳдат” бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода коргоҳи мурғпарварӣ ба истифода дода шуд, ки дар он ҳамзамон роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар коргоҳи мазкур дар басти аввал се ҳазор  мурғи гӯштӣ   ба парвариш фаро гирифта шуда, онҳо пас аз 45 рӯз барои забҳ ва истеъмол намудан омода мешаванд.

Масъулин нақша доранд, ки аз ин коргоҳ дар як вақт  то 8 тонна  гӯшти мурғи баландсифати парҳезӣ ба даст биоваранд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ду сол қабл дар истироҳатгоҳи мазкур асалпарварӣ низ ба роҳ монда шуда буд, ки истироҳаткунандагон бо асали хушсифати худӣ низ таъмин карда мешаванд.

Роҳбарияти Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат нақша дорад, ки дар оянда бошандагони  муассисаҳои зертобеи агентиро пурра бо маҳсулотҳои парҳезии истеҳсоли худӣ таъмин намояд.

Ҳамчунин, дар идома вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ аз анбори нигоҳдории маводи хӯрока ва ошхонаи истироҳатгоҳи мазкур низ дидан намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифтаи хизматрасонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 403
  • 1,099
  • 923,615