Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон оғоз гардид

Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон оғоз гардид
Апрел 20
12:32 2020

Имрӯз, 20 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода,  директорон ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки аз 20 то 26 апрели соли 2020 давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) «Ҳафтаи аврупои иммунизатсия»-ро (ҲАИ) ҷашн мегиранд.

Қайд гардид, ки мавзӯъи имсолаи Ҳафтаи аврупоии иммунизастсия “Соли байналмилалии хизматрасонии ҳамшираҳои тиб ва момодояҳо” мебошад, ки он аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  эълон карда шудааст.

Мақсади асосии иқдоми мазкур баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

-Иммунизатсия – ин сармоягузорӣ ба солимӣ ва некӯаҳволии кӯдакон дар давоми ҳаёташон мебошад. Бо шарофати ваксинаҳо аксари кӯдакон ва калонсолон дар минтақаи Аврупоии ТУТ бар зидди бемориҳои сурхча, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва фалаҷ таъсирнопазир мебошанд. Илова бар ин, теъдоди нафарони хоҳишманд барои иммунизатсия гирифтан бар зидди сирояти пневмококӣ, вируси папилломаи одам ва вируси гепатити «В»  рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст, зеро онҳо аллакай оризаҳои вазнини ин бемориҳоро дарк мекунанд ва намехоҳанд, ки ба чунин бемориҳо гирифтор шаванд,-афзуд  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода.

Дар нишаст зикр гардид, ки новобаста ба он, ки дар самти коҳиш додани хатари паҳншавии бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда  корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, то ҳол аксари кӯдакон аз муҳофизате, ки ваксинаҳо таъмин мекунанд, баҳра намебаранд.

Бояд гуфт, ки соли 2018 дар минтақаи Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зиёда аз 82 000 одамон гирифтори бемории сурхча гашатаанд, ки аз ин теъдод 72 нафарашон аз оризаҳои вобаста ба беморӣ фавтидаанд. Фазоҳои холӣ дар фарогирии иммунизатсия дарвозаҳоро барои бемориҳои сироятӣ боз мекунад ва имконияти паҳншавии онҳоро байни шахсони ноиммунизатсияшуда фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки мушкилоте, ки имрӯз аҳли ҷомеаро нигарон кардааст, ин бемории сироятии коронавирус ё худ COVID-19 мебошад. Имрӯзҳо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада, яъне пандемияи сирояти коронавирус дар изтироб мебошанд. Кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон айни замон кӯшиш ба харҷ дода, чораҳоро баҳри ҳарчӣ зудтар коркард намудани ваксина зидди ин беморӣ равона карда истодаанд. Бемории мазкур бори дигар тамоми мардуми дунёро водор месозад, ки аҳамияти иммунизатсияро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ  дарк намуда, аз он бетараф набошанд. Новобаста аз мавҷуд будан ё набудани COVID-19 дар кишварҳои ҷаҳон, иммунизатсияи тақвимӣ маҳз ҳамин рӯзҳо назар ба давраҳои гузашта бояд фаъолтар бошад, зеро бо кӯшиши пешгирии як беморӣ, сар задани хурӯҷи дигар бемориҳои сироятии идорашавандаро роҳ надиҳанд.

Ҳамасола  Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақаваии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардонида истодааст.

Дар доираи иҷроиши нақшаи чорабиниҳо як қатор чорабиниҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз ВАО, тақсим намудани брошураҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Дар идома Директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» Зафарҷон Азизов дар мавзӯъи “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия” баромад намуда, оид ба масъалаи мазкур ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми аҳолии мамлакатро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар  чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон  даъват менамояд.

Дар анҷоми нишаст бахшида ба “Соли байналмилалии хизматрасонии ҳамшираҳои тиб ва момодояҳо” як қатор ҳамшираҳои тиб ва момодояҳо бо “Сипоснома”-и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,451
  • 1,421
  • 957,973