Имрӯз, 2 августи соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи “Стратегияи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2040” баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Бояд қайд кард, ки «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012,№676 тасдиқ карда шудааст, тамоми паҳлӯҳои масъалаҳои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятиро фаро гирифта, самти асосии он коҳиш додани омилҳои хатари бемориҳои ғайрисироятӣ (БҒС) тавассути пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳо мебошанд.
Мақсади Дурнамои мазкур таҳия ва татбиқи системаи фаъолона ҳамкорикунандаи самараноки байнибахшӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани нақши пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли вазифаҳои сиёсию иҷтимоӣ бо дарназардошти аҳамияти он дар мустаҳкам ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ, иқтидори қувваҳои корӣ, мусоидат намудан ба мубориза бо камбизоатӣ, инкишофи иқтидори иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сифати ҳаёти тамоми аҳолӣ равона карда шудааст.
Дар ин раванд, соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Татқиқоти «Паҳншавии омилҳои хатари бемориҳои ғайрисироятӣ» (STEPS) дар байни калонсолони синни 18-69 сола (2718 нафар) бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) гузаронида шуд.
Дар идома иштирокчиён доир ба ҳадаф ва мақсади таҳияи стратегияи мазкур мубодилаи афкор намуданд.