Имрўз, 16 ноябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии аввалин агрегати НБО «Роғун» ҷаласаи идона баргузор гардид.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ин рўйдодҳои таърихӣ ҳозиринро табрик намуд.
Ў аз ҷумла дар бораи хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти Тоҷикистон, махсусан, талошҳои пайвастаи Пешвои миллат барои бунёди НБО «Роғун» сухан ронда, ба истифода додани аввалин агрегати онро подоши заҳмат ва талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами миллат номид.
Ёдовар мешавем, ки имрўз аввалин агрегати НБО «Роғун» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
НБО «Роғун» бузургтарин неругоҳи барқии обӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ва ҷаҳон дониста мешавад, ки баъди пурра ба истифода додани он Тоҷикистон метавонад ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардад ва ҳамчунин ба кишвари содиркунандаи барқ табдил ёбад.
НБО «Роғун» аз 6 агрегат иборат буда, дар назар аст, ки агрегати дуюми он моҳи апрели соли оянда ба истифода шавад.