Ҷаласаи идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (АКС)

Ҷаласаи идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (АКС)
Ноябр 24
08:18 2021

Субҳи имрӯз, 24 ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода,  муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, сардорони раёсат ва мудирони шӯбаҳо ва дигар кормандони вазорат иштирок намуданд.

Ҷаласаи идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Баъдан, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони шарафманди Тоҷикистонро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, таманнои онро намуд, ки бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои софу беғубори Ватани азизамон парафшон бошад.

Номбурда инчунин зимни сухани табрикотии хеш иброз намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Қайд гардид, ки мақсад аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад.

-Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Ҳамзамон, зикр намудан ба маврид аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метр аст, рӯзи 24-уми майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе барафрохта шуд,-қайд кард аснои сухани табрикотии хеш Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишонро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд, ки ин гувоҳ аз эҳтироми хосаи Роҳбари давлат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, ба Парчами давлатии кишвар мебошад.

Имрӯзҳо бо шарофати ҷавонпаҳлавонони тоҷик Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ парафшон  гардида, боиси ифтихору сарфарозии кулли тоҷикистониён мегардад.

Бо парафшон гардидани Парчами давлатӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ эҳсоси ватандорӣ дар қалби ҳар соҳибватан бедор мешавад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар баробари парчамҳои давлатии кишварҳои абарқудрати олам дар созмону ташкилотҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва вазифадор аст, ки  Парчами давлатии кишварро эҳтиром намояд. Ба ин муқаддасот арҷ гузорад. Зеро, арҷгузорӣ  ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ филми кӯтоҳе вобаста ба Парчами давлатии Тоҷикистон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Дар зер суратгузориш аз ҷараёни чорабинии идона пешниҳод мегардад:

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 332
  • 1,103
  • 947,070