Ҷаласаи корӣ доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, №586

Ҷаласаи корӣ доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, №586
Июл 26
16:48 2023

Санаи 26 июли соли ҷорӣ дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, КВД Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, масъулини раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, роҳбарон ва сармуҳосибони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври фосилавӣ, ҳамчунин дар толори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ҳузури сармуҳосибони муассисаҳои ҷумҳуриявии зертобеи вазорат ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” баргузор гардид.

Дар ҷаласа аз тарафи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед муҳимияти масъала ва саривақтӣ будани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ қайд  гардида, гуфта шуд, ки вобаста ба пешравии тараққиёти илму техникаи замони муосир ва дар иқтисодиёт ворид гардидани технологияҳои муосир ислоҳотҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ давра ба давра татбиқ гардида, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат низ ислоҳотҳои калони соҳавиро анҷом дода истодааст.

Қайд карда шуд, ки баъди ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” фармоиши вазорат аз 30 июни соли 2023, №428  ба тавсиб расида, ба ҳамаи муассисаҳои соҳавӣ барои иҷроиш ирсол гардид.

Ҳамчунин дар идомаи ҷаласа Шарифов З.А, сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вазорат гузориш дод.

Номбурда аз  ҷумла қайд намуд, ки тибқи Фармони болозикр  аз 1 августи соли 2023 қабули хизматрасонии муздноки тиббӣ бо таврӣ нақдӣ пурра қатъ гардида, танҳо ҳисоббаробаркуниҳои хизматрасониҳои тиббӣ ба таври ғайринақдӣ сурат мегирад.

Ҳангоми пурра гузаштани муассисаҳо ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, шафофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои инсонӣ, воридоти пурраи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва андозҳо, осон ва дастрас будани хизматрасонӣ, кам гардидани талабот ба маблағҳои нақдӣ, кам истодан дар навбат барои гирифтани пули нақд дар банкоматҳо, ҳамчунин вақти зиёдатӣ сарф накардан дар супоридани маблағҳо ба хазинаи муассисаҳои давлатӣ ва воридоти пурраи маблағҳо ба суратҳисоби маблағҳои махсус мебошад.

Бояд гуфт, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то имрӯз 396 муассисаҳо тибқи тартиби қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600, 2 хадамотҳои назорати давлатӣ, донишгоҳҳои давлатии тиббӣ (2 донишгоҳ), Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, 16 коллеҷҳои давлатии тиббӣ, 4-муассиса дар сохтори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ дар маҷмуъ 428 муассиса аз 1 августи соли 2023 пурра ба хизматрасонии ғайринақдӣ бояд гузаронида шаванд. Аз ҷумла шумораи муассисаҳои алоқаманд ба хизматрасониҳои ғайринақдӣ  дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ 38 муассиса, шаҳри Душанбе 32 муассиса, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 51 муассиса, ВМКБ 32 муассиса, вилояти Хатлон 174 муассиса ва вилояти Суғд 101 муассисаро ташкил медиҳад.

Муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо КВД Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ва бо ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл”, “Бонки Байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСК Эсхата Бонк, ҶСК  “Комерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП “Душанбе сити Бонк” ва ҶСП “Спитаменбонк”дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои  нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули пардохти ҳамаи намуди хизматрасониҳои музднок аз аҳолӣ ба таврӣ ғайринақдиро ба роҳ монда, тавассути терминалҳои электронии васлгардида барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои худ ҳамкориҳои дуҷонибаро идома дода истодаанд.

Айни ҳол аз тарафи муассисаҳои зерсохтори вазорат барои васли постерменалҳо ва дигар воситаҳои пардохти электронӣ дархостҳо ва шартномаҳо бо ташкилотҳои молиявӣ баста шуда, бо сабаби сарбории зиёд, яъне зиёд гардидани талабот ба постерменалҳо бо навбат аз ҷониби ташкилотҳои молиявии қарзӣ васл гардида истодааст.

Дар идомаи ҷаласа намоядаи Бонки миллии Тоҷикистон Салоҳиддинов Шуҳрат Камолиддинович, сардори Идораи низоми пардохти Бонки миллӣ тамоми паҳлуҳои татбиқи хизматрасониҳои музднокро вобаста ба уҳдадориҳои ташкилотҳои молиявию қарзӣ ба ҳозирин ва шунавандагон иттилоъ дод. Ҳамчунин баъди саволҳои зиёди роҳбарон ва сармуҳосибони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номбурда қайд намуд, ки барои дар оянда фаъолияти муътадил намудан ба ташкилотҳои молиявию қарзӣ дастуру супоришҳои иловагӣ дода мешавад.

Намояндагони КВД Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” низ ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки тамоми роҳбарони муассиссаҳои алоқаманди соҳаро зарур аст, ки аз 1 августи соли ҷорӣ қабули пардохтҳои нақдиро катъ намуда, инфрасохтори заруриро барои қабули маблағҳо ба таври ғайринақдӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин таъмин намоянд.  Инчунин, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар рӯзҳои аввали манъи пардохтҳои нақдӣ шахсан ба аҳолӣ дар робита бошанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 82
  • 1,219
  • 898,498