Ҷаласаи корӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхиси бармаҳал ва табобати саривақтии саратони гарданаки бачадон

Ҷаласаи корӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхиси бармаҳал ва табобати саривақтии саратони гарданаки бачадон
Март 19
11:03 2024

Санаи 18-уми марти соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода оид ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхиси бармаҳал ва табобати саривақтии саратони гарданаки бачадон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он муовини соҳавии вазир Зулфия Абдусаматзода,  мутахассисони соҳаи саратоншиносӣ, роҳбарон ва мутахассисони марказҳои солимии репродуктивӣ, марказҳои саломатии шаҳриву ноҳиявии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Нахуст зикр гардид, ки масъалаҳои ҳифзи солимии модарон ва кӯдакон зери таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дошта, яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи Ҳадафҳои Рушди Устувор ба шумор меравад. Пӯшида нест, ки дар ҷаҳон сол аз сол шумораи бемориҳои экстрагениталӣ дар байни занон, аз ҷумла бемориҳои саратон бештар гардида, ҷомеаи тандурустии  ҷаҳонӣ пайваста кӯшиш намуда истодааст, ки сатҳу сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббиро дар ин самт пурзӯр намояд.

 

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки саратони гарданаки бачадон нисбат ба дигар бемориҳои саратони узвҳои занона бештар ба назар расида, асосан дар байни занони синну солашон миёнаи 35-55 сола дида мешавад ва дар байни занони аз 65 сола боло 20%-ро ташкил менамояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд дар самти масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва табобати бемории саратони гарданаки бачадон (СГБ) як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти унвонҳои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ, ташхиси барвақтӣ, табобат ва расонидани кумаки паллиативӣ ба беморони гирифтори СГБ барои солҳои 2021-2030”, “Нақшаи амалҳо оид ба ворид намудани скрининги СГБ”, “Дастурамали клиникӣ оид ба пешгирӣ ва скрининги СГБ” ва “Протоколи таҳқиқоти ситологии канали сервикалӣ” таҳия ва тасдиқ гашта, мавриди амал қарор доранд.

Айни ҳол дар кишвар чорабинии скрининги гарданаки бачадон ба роҳ монда шудааст, ки тавассути санҷиш бо усули Шиллер ҳангоми гузаронидани колпоскопия бо мақсади саривақт муайян кардани саратони гарданаки бачадон анҷом дода мешавад.

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби як қатор мутахассисони соҳа доир ба мавзӯи мазкур маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 394
  • 1,099
  • 923,606