Дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Вазъи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2024, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани таъмин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ” ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе, мудирони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, намояндагони хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кормандони раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҷмуъ 150 нафар кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимої ва дигар сохторҳо игтирок доштанд
Ҳамин тавр, дар ҷаласа вобаста ба иҷрои қарори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2024, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани таъмин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе Абдурасулова Гулрафтор, сардори Раёсати кафолатҳои иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баромад намуд.
Баъдан, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа оид ба татбиқи қарори мазкур саволҳо пешниҳод шуд, ки ба онҳо мутахассисони вазорат ҷавобҳои мушаххас гардониданд.