Ҷаласаи корӣ вобаста ба омодагии муассисаҳои тандурустии мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024

Ҷаласаи корӣ вобаста ба омодагии муассисаҳои тандурустии мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024
Ноябр 23
15:15 2023

Имрӯз, 23 ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба омодагии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамзамон муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дахлдор ва ҳамзамон ба тариқи онлайн роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа вазъи омодагии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва марказҳои ҷумҳуриявӣ таҳлил ва баррасӣ гардиданд.

Дар ин робита, аз ҷониби Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии вазорат оид ба омодагии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба давраи болозикр маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, дар ҷаласа доир ба сатҳи омодагии муассисаҳои соҳавӣ ба зимистонгузаронӣ аксу наворҳо низ пешниҳод карда шуд.

Дар охир аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин  ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 467
  • 612
  • 863,559