Ҷаласаи корӣ вобаста ба таҳлил ва баррасии масъалаҳои ҳалталаби соҳа

Ҷаласаи корӣ вобаста ба таҳлил ва баррасии масъалаҳои ҳалталаби соҳа
Феврал 10
10:25 2024

Субҳи имрӯз, 10 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббию табобатӣ дар самти дарёфти саривақтӣ ва ба ташхису табобат фаро гирифтани беморон ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти вазорат, роҳбарони марказҳои саломатӣ, пешгирии ВНМО ва сили шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ба тариқи онлайн роҳбарони муассисаҳои соҳавии ВМКБ ва вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти марказҳои саломатӣ дар самти дарёфти саривақтии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва ба ташхису табобат фаро гирифтани онҳо, аз ҷумла бемориҳои диабети қанд,  сил ва ВНМО, дурусту дақиқ таҳия ва пешниҳод намудани омор ба вазорат, пурзӯр намудани гардишҳои хонагӣ, ҳамкории якҷояи марказҳои саломатӣ бо марказҳои пешгирии ВНМО, сил ва солимии репродуктивӣ барои саривақт ба ташхису муоина фаро гирифтани беморон, пешгирии фавти модару кӯдак, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ ва пешгирии дигар амалҳои номатлуби ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ин замина, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
26272829  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 452
  • 1,242
  • 817,733