Ҷаласаи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқотӣ-сотсиологии “Зеркало”

Ҷаласаи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Маркази тадқиқотӣ-сотсиологии “Зеркало”
Июн 07
15:43 2022

Душанбе, 7 июни соли 2022. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти Ҷамъиятии «Маркази тақиқотӣ-сотсиологии «Зеркало» дар доираи Мониторинги тарафи сеюм  (МТС), ки дар чорчубаи фаъолияти Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 (Лоиҳаи ТЕС-19) татбиқ мешавад, ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

Яке аз ҳадафҳои Мониторинги тарафи сеюм -баррасии маълумот оид ба раванди ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ ва инъикоси он дар фазои иттилоотӣ мебошад, ки яке аз компонентҳои асосии Лоиҳаи ТЕС-19 ба шумор меравад.

Моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби МТС “Зеркало” ва шарикони он дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳо дар шакли муҳокимаҳои ҷамъиятӣ гузаронида шуд. Дар чорабиниҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, мақомоти худидораккунии маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳо байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намоядагони мақомотҳои давлатӣ муколамаи муфид барпо гардид. Дар чорабиниҳо як силсила саволу пешниҳодҳо садо доданд, ки МТС «Зеркало» онҳоро ба намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимии аҳолии мамлакат ва Гуруҳи татбиқи лоиҳаи ТЕС-19 баррасӣ карданд.

Ҳамчунин МТС «Зеркало» дар бораи корҳои иҷрошудаи худ  ҳисобот дода, натиҷаҳои воқеии фаъолияташро ба иштирокчиён пешниҳод намуд.

МТС «Зеркало» дар ҳамкорӣ бо як қатор созмонҳои ғайридавлатӣ дар cаросари кишвар Мониторинги Тарафи сеюми (МТС) Лоиҳаи ТЕС-19-ро анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бар зидди вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» дар доираи маблағгузории грантии Бонки умумчаҳонӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. Ҳадафи он дастгирии кӯшишҳои Хукумати мамлакат барои таъмини пешгирӣ, омодагӣ ва эътино ба пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб меёбад. Маблағи умумии лоиҳа айни замон 32,5 млн. доллар ИMA-ро ташкил медихад.

Мониторинги тарафи сеюм ба баҳодиҳии  (арзебии)  самаранокии татбиқи Лоиҳаи TEC-19 равона буда, мақсади он – пешниҳоди хулосаи объективӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба минбаъд беҳтар намудани сифати кор мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 956
  • 1,168
  • 841,442