6 марти соли равон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020 таҳти №272 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони як қатор вазорату идора, кумита ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалисозии “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024”-ро барои соли 2020 таҳия ва аз 10 июни соли 2020 тасдиқ намудааст.
Дар асоси банди 3-и Нақшаи амалисозии барнома Кумитаи роҳбарикунандаи байнисоҳавӣ ва низомномаи он оид ба татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.12.2020, №998 тасдиқ гардидааст.
Бояд қайд кард, ки дар вилоятҳои Хатлону Суғд бо қарорҳои мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Кумитаҳои роҳбарикунанда оид ба татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024» таъсис дода шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Миллати Муттаҳид (ЮНИСЕФ) “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024”-ро ба миқдори 650 адад бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ нашр намуда, ба муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ ва шарикони рушд барои корбарӣ дастрас намуд.
Дар Барномаи мазкур имкониятҳои асосӣ барои тағйири рафтор дар давраи ҳомиладорӣ, яъне аз рӯзи аввали ҳомиладорӣ то таваллуди кӯдак, ҳафтаи аввали ҳаёт (то 7-рӯзагӣ), 40 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак (8-40 рӯзагӣ), 6 моҳи аввали ҳаёти кӯдак (аз 1 то 6 моҳагӣ) аз 6 то 24 моҳи аввали ҳаёти кӯдак мушаххас шарҳ дода шудааст.
Барномаи мазкур барои мутахассисоне пешбинӣ шудааст, ки дар таҳия ё амалисозии барномаҳои тандурустӣ, ғизо ё беҳдошти санитарии кӯдакон дар Тоҷикистон нақше доранд, алалхусус, барои мутахассисоне, ки бо доираҳои осебпазиртарини ҷомеа кор мекунанд.