Ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории байниидоравии “Ҳифзи иҷтимоӣ” баргузор гашт

Ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории байниидоравии “Ҳифзи иҷтимоӣ” баргузор гашт
Июл 21
16:58 2023

Имрӯз, 21 июли соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе  ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории байниидоравии №8 “Ҳифзи иҷтимоӣ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва масъулин иштирок намуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки дар сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳифзи иҷтимоӣ яке аз бахшҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт пайваста корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида  мешаванд.

Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун қисми муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ифода ёфта, мақсад ва вазифаҳои он пеш аз ҳама ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон равона карда шудааст. Ноил шудан ба ин мақсадҳо суботи ҷамъият ва некуаҳволии мардуми кишварро муҳайё хоҳад кард.  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ба хотири таъмини кафолатҳои иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, рушди минбаъдаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар натиҷаи чорабиниҳои саривақтию босамари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам беҳтар ва доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ гардида, теъдоди шаҳрвандони ба ин хизматрасониҳо фарогирифташуда ба маротиб афзуда истодааст.

Дар идома як қатор иштирокчиён доир ба рафти амалисозии нақша ва матритсаи мониторинг ва баҳодиҳии “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бахши ҳифзи иҷтимоӣ баромад намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 104
  • 1,127
  • 893,111