Ҷаласаи навбатӣ оид ба “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027” баргузор гашт

Ҷаласаи навбатӣ оид ба “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027” баргузор гашт
Ноябр 01
14:28 2023

Имрӯз, 1-ноябри соли равон дар меҳмонхонаи Хилтон, мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба муаррифии «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №418 тасдиқ шудааст, бахшида шудааст.

Дар ҳамоиш муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаматзода З.М., Роҳбари Намояндагии СММ дар Тоҷикистон (ЮНФПА)  намояндагон аз вазорату идораҳо, роҳбарони зерсохторҳои алоқаманд (ПАГ ва П, Маркази миллии солимии репродуктивӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиббӣ оилавӣ, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ), Раёсати тандурустӣ ва марказҳои солимии репродуктивии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин шарикон оид ба рушд иштирок доштанд.

Ҷаласаро  Абдусаматзода Зулфия, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки “Ҳифзи саломатии модарон ва кўдакон яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рўзномаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва дар зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии репродуктивии аҳолӣ, беҳтар намудани саломатии занон, тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҷалб намудани шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ барои таъмин намудани муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо маводи контрасептивӣ, омӯзонидани кормандони соҳа оид ба солимии репродуктивӣ, фаъолкунии идорасозии таъминот ва тақсимоти маводҳои пешгирандаи ҳамл, таҳияи маводҳои иттилоотӣ, маърифатӣ, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, беҳбудии саломатии модарон ва навзодон, кӯдакону наврасон ва ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ дар заминаи фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ таҳия шудааст.

Чуноне ки қайд гардид, вазифаҳои Барнома ба ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии солимии репродуктивӣ, паст намудани фавти модарон, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо техника ва технологияи муосир, беҳтар намудани вазъи молиявии муассисаҳои тиббӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимии зарурӣ ҷиҳати самаранок баргузор намудани дарсҳои таълимӣ вобаста ба солимии репродуктивии аҳолӣ равона шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Барнома дар се марҳила амалӣ карда мешавад:

Марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025, ки Нақшаи амалӣ он аллакай бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №418 тасдиқ шудааст.

Марҳилаи дуюм соли 2026 ва марҳилаи сеюм соли 2027-ро дарбар мегирад.

Ёдовар бояд шуд, ки Барномаи мазкур, дуюмин Барномаи давлатӣ оид ба солимии репродуктивӣ ба шумор рафта, бо маблағгузории буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Дар рафти ҳамоиш иштирокчиён оид ба татбиқи Барнома фикру андешаи худро баён намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 73
  • 1,058
  • 888,485