Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид
Март 31
18:16 2021

Имрӯз,  31 марти соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусаматзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар мавзӯи якуми ҷаласа, “Дар бораи фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ҳангоми даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи  қувваҳои мусаллаҳ” сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба наврасон ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ Бахтиёр Аминов баромад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 9 марти соли 2021, №09 ҷиҳати омӯзиши ҷараёни омодагӣ ба маъракаи муоинаи тиббии шаҳрвандон ҳангоми даъвати шаҳрвандон ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тиббии мамлакат, вазъи муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла имкониятҳои ташхисиву табобатӣ ва солимгардонӣ, фаъолияти ҳуҷраҳои наврасон, инчунин расонидани кӯмаки дастуриву ташкилӣ, гурӯҳи корӣ дар ҳайати сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба наврасон ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ Аминов Б.Ю. ва мудири Шӯъбаи ташхисию табобатии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» Раҷабов А.О. таъсис дода шуда, аз 10 то 20 марти соли 2021 ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар гардиданд.

Бояд қайд кард, ки  аз 10 то 13 марти соли 2021 аз ҷониби гурӯҳи корӣ марказҳои бемориҳои сили шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ. Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ мавриди санҷиш қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас  дода шуд.

“Дар бораи ҷараёни ташаккул додани Махзани ягонаи иттилоотии маъюбон ва рақамикунонии ҷараёни экспертизаи тиббию иҷтимоии шаҳрвандон” Шералӣ Амиршозода, сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ  ба ҳозирин маълумот дод.

Зикр гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи паёми  хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 26 декабри соли 2019 баён доштанд, ҷиҳати иҷрои банди 14 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №12 ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2020, №5 Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ таҳти ҳамоҳангии роҳбарияти вазорат бо мақсади таъсис додани Махзани ягонаи электронии иттилоотӣ оид ба маъюбон дар моҳҳои январ –июни соли 2020 маъракаи бақайдгирии пурраи шахсони маъюбро роҳандозӣ намуда, дар ин самт як қатор чорабиниҳои зарурию дахлдорро ба анҷом расонид. Бояд қайд намуд, ки баҳри таъсис додани махзани электронӣ дар баробари бақайдгирии маъюбон, ҳамзамон хадамот рақамикунонии раванди ташхиси тиббию иҷтимоиро низ анҷом дода, дар ин самт як зумра мутахассисону кормандони хадамотро аз омӯзишҳои соҳаи технологияи компютерӣ ва иттилоотӣ гузаронида, гурӯҳи таҳлилию техникиро созмон додааст.

“Бояд қайд намоям, ки масъалаи рақамикунонии протсесси экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва дар ин замина ташаккул додани Махзани маълумотҳо оид ба маъюбият ва шахсони маъюб қаблан дар доираи амалӣ гардидани лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ “Дар бораи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” ба нақша гирифта шуда, ҳануз моҳи июли соли 2019 оғоз гардида, ба таври таҷрибавӣ танҳо дар 12 шаҳру ноҳияҳо (аз ҷумла Турсунзода, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар) ба роҳ монда шуда буд. Баъдан, ба ин масъала аз ҷониби Роҳбари давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорат корҳо дар ин самт вусъат ёфта, тақвият бахшида шуд”,-афзуд  номбурда.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 таҳти №452 як Гурӯҳи таҳлилию техникӣ оид ба рақамикунонӣ ва ташаккули махзани иттилоотӣ оид маъюбон дар назди Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва як гурӯҳи техникии дигар дар назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуданд.

Баҳри самаранокии фаъолияти Хадамот оид ба ташаккул додани Махзани маъюбон аз ҳисоби маблағҳои Лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” барои гурӯҳи техникии назди Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва зерсохторҳои дар маҳалбудаи хадамот  25 адад нотбук, 38 адад компютер, 38 адад УПСа, 5 адад сканер, 31 адад принтер, ба миқдори зарурӣ ҷевон, мизу курсиҳои корӣ (40 адад), 150 ҳазор нусха санадҳои тиббию иҷимоӣ ва 150 ҳазор варақаи махсуси бақайдгирии маъюбон харидорӣ  ва таъмин карда шуданд.

Доир ба масъалаҳои ташкили назорати санитарию эпидемиологӣ дар Нуқтаҳои санитарию карантинии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Саидҷон Давлатзода, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ баромад намуд.

Гуфта шуд, ки мутобиқи моддаи 115 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ворид намудан ва паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, инчунин назорати эпидемиологӣ, баҳогузорӣ ва чораҳои ҷавобӣ, чораҳои тиббӣ-санитарӣ, пешгирӣ намудани воридоту содироти мол, маводҳои кимиёвӣ, биологӣ ва партовҳои радиоактивӣ ва инчунин транзитӣ, ки тавассути фурудгоҳҳо ва нақлиёти рӯизаминӣ  интиқол дода мешаванд ва барои инсон хатарноканд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешаванд.

Номгӯи бемориҳои сироятӣ, ки гузаронидани чорабиниҳоро оид ба ҳифзи санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамоянд, аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ муайян  мегардад.

Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нуқтаҳои санитарию карантинии мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Қайд гардид, ки дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои бавуҷудорандаи хатар дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, аз ҷониби шахсони мансабдори нуқтаҳои назорати санитарию карантинӣ назорати санитарию эпидемиологӣ гузаронида мешаванд.

Дар идомаи ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе дар самти барномаҳо, стратегияҳо, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ҳисобот пешниҳод намуданд.

Ҳамин тавр, оид ба мавзӯъҳои дар ҷаласа баррасишуда қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул  гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

 

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 702
  • 1,103
  • 947,440