Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гашт

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гашт
Апрел 03
17:42 2023
3 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Дар ҷаласа се масъала-“Рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030”, “Фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ҳангоми даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ” ва “Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони саратонӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамин тавр, доир ба масъалаи якум -“Рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030” сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қудратулло Қурбонзода баромад кард.
Қайд карда шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои онро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №148 тасдиқ шудааст, мавриди роҳбарӣ қарор дода, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба амалисозии он дар давраи ҳисоботи тадбирҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барнома, ки то соли 2024 муайян шудааст, аз 21 банд иборат буда, иҷрокунандагони онҳо асосан вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда шудаанд.
Вобаста ба иҷрои саривақтии Барномаи зикргардида ва нақшаи чорабиниҳои он аз тарафи вазорат Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тартиб дода шуда, бо фармоиши вазорат аз 30 апрели соли 2022 таҳти №313 ба тасвиб расидааст. Ҳамзамон, матни Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои он дар шакли китобчаи алоҳида таҳия ва бо теъдоди 200 нусха чоп карда шуда, ба сохторҳо ва муассисаҳои зертобеи вазорат, вазорату идораҳои масъули иҷрои Барнома ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардонида шуд.
Дар соли сипаригардида бо мақсади такмил додани заминаи қонунгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ таҳлили як қатор қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 262 «Дар бораи Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 гузаронида шуданд. Таҳлил муайян намуд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» дар моддаи 1 мафҳуми «корманди хадамоти иҷтимоӣ» шарҳ дода шуда, дар моддаҳои 26 ва 27 ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои кормандон баён гардидаанд.
 
Аз рӯи натиҷаҳои таҳлили анҷомдодашуда ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2022, таҳти №548 тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шудаанд. Яке аз иловаҳои воридгардида ин пешбинӣ гардидани вазифаи «нозир-коргузор» дар шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Вобаста ба ин, вазорат «Тартиби ба кор таъйин ва аз кор озод намудани нозир-коргузорони шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ»-ро дар мувофиқа бо Вазорати молия таҳия ва тасдиқ намуда, ба сохторҳои алоқаманд дастрас гардонида шудааст.
Доир ба масъалаи дуюми ҷаласа сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосири вазорат Мирзоалӣ Раҷабзода ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи иҷроиши бандҳои 7-уми Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2022, №352 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар асоси фармоишҳои худ «Оиди таъсиси комиссияҳои тиббии даъватӣ дар комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳуриявӣ ва вилоятию шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» ба сардорони раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати фаъолияти босифат ва саривақтии комиссияи тиббии даъватии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва таҳти назорати бевоситаи худ қарор додани муоинаи тиббии даъватшавандагон супоришҳои мушаххас дода, масъалаи мавриди назарро таҳти назорати қатъии худ қарор дод.
Ҷиҳати омӯзиши фаъолияти ҳуҷраҳои наврасон, ба қайди назоратии табибон гирифтани наврасону ҷавонони синну соли даъватии бемор, назорати ташкил ва гузаронидани комиссияҳои ба қайди ибтидоӣ гирифтани наврасон ва даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, солимгардонии онҳо дар муассисаҳои тандурустӣ ва чораҳои андешидашуда оид ба пешгирӣ намудани ҳолатҳои даъват намудани шаҳрвандони бемор ба хизмати ҳарбӣ, аз он ҷумла гирифтори (гумонбарии) бемории сил ҳамасола сохторҳои госпиталӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)-и вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санҷиш гузаронида мешаванд.
Доир ба “Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони саратонӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” Зафар Ҳусейнзода баромад кард.
Қайд карда шуд, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба мубориза бар зидди бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, системаи ҳамоҳангшудаи хадамоти саратоншиносӣ мавҷуд мебошад, ки он муассисаҳои саратоншиносӣ, кадрҳо, технология ва дигар захираҳоро дар бар мегирад.
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ҳамчун муассисаи пешбар ва ваколатдори соҳа дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои дигари хадамоти саратоншиносӣ ҷиҳати таҳлили вазъи воқеии беморшавӣ, аз он ҷумла баҳисобгирии бори аввал бақайдгирифташудагон, ошкоркунии бармаҳали бемориҳо, фавти беморон, зиндамонии 3 ва 5 сола, сатҳи бемориҳои гузашташуда (паҳнгашта), дастрасии мизоҷон ба воситаҳои ташхис ва табобат дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ кори доимиро ба роҳ мондааст.
Қобили қайд аст, ки хадамоти саратоншиносӣ аз рузҳои аввали истиқлолияти давлатӣ то имрӯз робитаҳои илмиву амалии худро бо Ассотсиатсияи директорони марказҳои саратоншиносии давлатҳои ИДМ (АДИОР), Марказҳои саратоншиносии Россия, Белорусия, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, инчунин давлатҳои хориҷи дур (Олмон, Амрико, Австрия, Венгрия, Испания ва ғ.) муассир ба роҳ монда, дар самтҳои корҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба, омодагӣ ва бозомузии кадрҳо корҳои назаррасро ба сомон расонида истодааст.
Махсусан ҳамкории марказ бо Маркази илмиву тиббии тадқиқотии ба номи П.А. Гертсени ш. Москва (директори он сармутахассиси саратоншиносии Русия – академик А.Д. Каприн), қобили зикр буда, танҳо дар ин марказ се соли охир 7 мутахассиси пешбари Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва 1 мутахассиси Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба таври ройгон курсҳои бозомузиро гузаштаанд.
Дар охир оид ба мавзӯъҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 375
  • 956
  • 913,075