Ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гашт

Ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии  лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гашт
Январ 14
15:42 2022

Имрӯз,  14 январи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид.

Дар ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хуршед М., муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусаматзода З., муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маҷидӣ Ю., муовини вазири  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Насриддинзода Р., муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ғанизода М., муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода У., муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҳмудзода И., Менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва як қатор масъулини Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намуданд.

Ҷаласаро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва мақсад аз баррасӣ намудани масъалаҳои баррасишаванда мухтасар иттилоъ дода, таваҷҷӯҳи ҳозиринро оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла ноҳияҳои Файзобод ва ноҳияи Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб намуд.

Қайд карда шуд, ки тамоми чорабиниҳои амалишаванда дар доираи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” зикр гардидаанд” ба роҳ монда шудаанд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби менеҷери Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Маҳмудзода И.С, оид ба амалисозии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз рӯи қисматҳои он ба ҳозирин маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар давоми ҷаласа аз ҷониби Хуршед Мирзо муовини якуми Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки оид ба саривақт амалӣ намудани ҳадафҳои Лоиҳа хусусан дар самти назорати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизот таваҷҷуҳи хоса дода, мӯҳлати табиқи он зери назорат гирифта шавад.

Ҳамзамон Маҷиди Юсуф оид ба Нақшаи молиявӣ барои соли 2022 фикру андешаҳои худро баён намуда таъкид намуд, ки ҷиҳати саривақт амалӣ намудани ҳадафҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки  ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа супориш дода шуд, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои мухталифи комуникатсионӣ ва иҷроиши натиҷаи миёнамуҳлатҳои Лоиҳа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа миёни иштирокчиён  мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳозирин оид ба фаъолияти лоиҳа фикру андешаи худро баён намуданд.

Бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарор қабул намуда, Нақшаи корӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар соли 2022 барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 350
  • 956
  • 913,050