Ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид

Ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид
Июл 05
16:54 2024

5 июли соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти фаъолияти агентии мазкур дар нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, доираи васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдор, сардорони шуъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мудирони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар ҷаласа доир ба фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 муовини директори агентии мазкур Назархудо Дилшодов баромад намуд.

Дар робита ба масъалаҳои баррасишуда ба роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони шуъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мудирон ва мутахассисон-коргузорон оид ба кӯмаки унвонии иҷтимоии бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои қатъи дода шуда, вазифаҳои соҳа то охири соли 2024 муайян карда шуданд.

Дар маҷмӯъ фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ мусбӣ арзёбӣ гардида, қарори Шӯро бо супоришҳои дахлдор дастраси масъулин мегардад.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 28
  • 1,601
  • 1,421
  • 958,123