Ҷаласаи шарҳи якҷояи соли дуюми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гашт

Ҷаласаи шарҳи якҷояи  соли дуюми татбиқи “Стратегияи ҳифзи  солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030” баргузор гашт
Феврал 14
16:01 2023

Имрӯз, 14 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи шарҳи якҷояи соли дуюми татбики “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030” баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода,  намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, сардори шуъбаи Ташкилоти минтақавии Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Павел  Урсу, роҳбари Намояндагии доимии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский,  шарикон оид ба рушд, роҳбарон ва кормандони як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Баъдан, номбуда зимни суханронии хеш аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуда, қайд кард, ки маҳз дар натиҷаи  дастгириҳои доимии роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат соҳаи тандурустӣ дар кишвар рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардида истодааст.

Сипас, як қатор меҳмонон низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Дар идомаи ҷаласа дар мавзӯъҳои “Дастовардҳо, мушкилиҳо ва дурнамои рушди хадамоти бистаринамоӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода,  “Мукаммалнамоии хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар тамоми сатҳҳои хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, “Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода,  “Беҳтарсозии маҷмӯъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ” сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев,  “Саҳми шарикон оид ба рушд дар татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сардори Раёсати Ташкилоти минтақавии Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Павел  Урсу ва роҳбари Намояндагии доимии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский  , “Рушди сиёсати кадрии соҳаи тандурустӣ дар доираи амалигардонии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевти, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиддин Юсуфӣ, “Беҳтар гардидани самаранокии маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар шабакаҳои муассисаҳои КАТС дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва Робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бандаев Илҳом, “Мукаммалсозии раванди маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнулло Шарифов, “Вазъи ҳуқуқӣ, максад ва вазифаҳо, доираи фаъолият ва сохтори идоракунии МД “Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавкулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ”  директори муассисаи мазкур Самариддин Ализода баромад намуданд.

Дар анҷом резолютсияи ҷаласаи шарҳи якҷояи соли дуюми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-2) қабул   гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таквияти раванди кори сохторҳои вазорат барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривактӣ ва баландихтисоси тиббии муосир ва муқтадири тиббӣ фаъолиятро идома дода, дар самт корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Ин фаъолият рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоии соҳаҳои алокаманди шаҳру ноҳияҳои кишварро дарбар гирифта, дар самти пешгирии як катор бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, дастгирии муассисаҳои соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ тавассути корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту асбобҳои ҳозиразамон, пурзӯр намудани нерӯи кадрӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию иттилоотонии аҳолӣ ва кормандони тиббӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 аз маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда бо дастгирии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба як қатор навгониҳо ноил гардид.

Дар соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», 17 қарорҳои дахлдори Ҳукумат ва 5 фармоишҳо доир ба масъалаҳои муҳими соҳа қабул гардиданд.

Хурсандиовар аст, ки дар соли 2022 як катор ишоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ новобаста аз шакли моликият мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ҷиҳати дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ва таъмини хизматрасонии арзандаи тиббӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи тиб ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 474
  • 612
  • 863,566