Ҷаласаи шарҳи якҷояи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-1, 2022)

Ҷаласаи шарҳи якҷояи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”  (Саммит-1, 2022)
Феврал 18
14:33 2022

Имрӯз, 18 феврали соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон   ҷаласаи шарҳи якҷояи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”  (Саммит-1) баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Ашурзода, сардори Шуъбаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сезин Синаноглу, Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд/Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марк Бухман, Намояндаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Илкер Даштан, мушовири ТУТ оид ба сиёсати тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осама Маккави, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, шарикони рушд, сардорони раёсатҳо, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таълимию тандурустӣ иштирок намуданд.

Қабл аз оғози ҷаласа намоишгоҳи мавод ва таҷҳизоти тиббӣ сурат гирифт, ки дар он ширкат ва корхонаҳои ватание, ки ба истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ машғуланд, иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи амалҳои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир гардида, дар тамоми  паёмҳои Сарвари давлат вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ тавассути татбиқи усулҳои муосири ташхису табобат, тарғибу ташвиқоти тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ супоришҳои мушаххас дода мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти раванди кори сохторҳои вазорат барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббии муосир ва муқтадири тиббӣ фаъолиятро идома дода, дар самти рушди хизматрасонии тиббӣ ва ташаккул додани соҳаи фарматсевтии кишвар бо дарназардошти дастовардҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон, ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат бо мақсади иҷрои супоришҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлил ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаҳои рушди хизматрасонии тиббӣ, татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ, омўзиш ва андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои хизматрасонии маъюбон ва солимгардонии онҳо, самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, мукаммалгардонии сохторҳои системаи тандурустӣ, такмили сиёсати кадрӣ, ҷобаҷогузории кормандони соҳаи тандурустӣ ва компютеризатсиякунонии самтҳои мухталифи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Ин фаъолият рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоии соҳаҳои алоқаманди шаҳру ноҳияҳои кишварро дарбар гирифта, дар самти пешгирии як қатор бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, дастгирии муассисаҳои соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ тавассути корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту асбобҳои ҳозиразамон, пурзўр намудани нерўи кадрӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию иттилоотонии аҳолӣ ва кормандони тиббӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Бо мақсади таъмини рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давра ба давра муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ, «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 таҳти №461 тасдиқ карда шуд.

Хурсандиовар аст, ки дар соли 2021 як қатор ишоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ новобаста аз шакли моликият мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ҷиҳати дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ва таъмини хизматрасонии арзандаи тиббӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи тиб ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Яке аз муассисаҳои бузурге, ки дар давраи ҳисоботӣ ба истифода дода шуд,  Маҷмааи тандурустии «Дўстии Тоҷикистону Ўзбекистон» дар ноҳияи Қубодиён мебошад, ки дорои 200 кат мебошад. Ҳамзамон, дар ҳудуди Маҷмааи тандурустии мазкур сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ барои 50 кат (калонсолон ва кўдакон) оғоз гардида, айни ҳол бомаром идома дорад.

Дастгирии шарикон оид ба рушд дар самти таҳикими пойгоҳи моддию техникии соҳа, аз ҷумла бунёд, таъмиру барқарорсозии инфрасохтори тандурустӣ, таъминот бо таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ ва нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дар солҳои охир ниҳоят назаррас буда, аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳама шарикон оид ба рушд, ки ба соҳаи тандурустӣ ҳамкории судманд доранд, миннатдорӣ изҳор менамоем.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ ва татбиқи босамари «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023», нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ дар самтҳои гуногуни бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ барои соли 2021 таҳия гардида, дар доираи онҳо чорабиниҳои алоқаманд ба пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ амалӣ гардиданд.

Бо мақсади нигоҳдошти солимии аҳолӣ тавассути тарғиби ғизои солим, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 таҳти №463 тасдиқ карда шудааст ва айни ҳол мавриди амал қарор дорад.

Тавре дар Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 омадааст, таъмини дастрасӣ ба хизматарсониҳои тандурустӣ бояд тавассути рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо тибби оилавӣ асоснокшуда, ҳифзи солимии модару кўдак ва хизматрасонӣ оид ба солимии ҷинсӣ, репродуктивӣ ва ҳуқуқи наврасон, фаъолият дар самти бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пешгирӣ, нигоҳубин ва табобат, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, ҳамзамон, таъмини хизматрасониҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ,  баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ ва дигарон тавассути тарғиби тарзи ҳаёти солим, татбиқи механизми таъмини бехатарӣ ва қобили қабул будани таъминоти оби нўшокӣ, фаъолияти пурраи соҳаи тандурустӣ ва низоми озмоишгоҳӣ амалӣ карда мешавад.

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, ворид намудани зиёда аз 130 усулҳои нави ташхису табобат, алалхусус дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, фаъолият дар самти мазкур дар соли 2021 давом дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дастовардҳои асосӣ дар самти пешгирӣ, ташхису табобат ва назорати бемории сироятии COVID-19 дар давраи пандемияи COVID-19, ин таҷдиди назар гардидани ҳамгироии фаъолият байни муассисаҳои беморхонавӣ, кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбад, ки дар натиҷа роҳҳои самаранок ва фаврии мушкилоти ташхису табобат, дарёфт ва безараргардонии манбаи сироят, ба канорагирӣ («самоизолятсия») равон намудани нафароне, ки бо бемор дар тамос буданд, фароҳам омаданд. Ҳамзамон, дар ин самт чорабиниҳои зерин анҷом дода шуданд, ки дар худ як навъ ташаббусу тадбирҳо ё модели миллии пешгирӣ ва мубориза бо сироятӣ, аз ҷумла COVID-19-ро ифода менамояд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сезин Синаноглу, Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд/Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марк Бухман, Намояндаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Осама Маккави, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Илкер Даштан, мушовири ТУТ оид ба сиёсати тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон баромад намуданд.

Дар идомаи ҷаласа доир ба “Муаррифии стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, “Беҳтаркунии дастрасии хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар ҳама самтҳои хизматрасонии тиббӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, “Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар давраи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров, “Беҳтарсозии маҷмӯъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, “Беҳтаркунии маҷмӯъи  хизматрасонии тиббию санитарӣ дар доираи амалигардонии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сардори Раёсати ташкили хизматрасонии  тиббӣ ва технологияҳои муосири вазорат Шарипов Шайдулло, “Рушди сиёсати кадрии соҳаи тандурустӣ дар доираи амалигардонии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат Юсуфӣ С., “Мукаммалсозии раванди маблағгузории соҳаҳои  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сардори  Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии вазорат Шарипов З., “Баррасии нақшаи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар соли 2022 сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии вазорат Бандаев И. баромад намуданд.

Дар доираи ҷаласаи шарҳи якҷояи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-1) бо ҳузури муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Илкер Даштан, мушовири ТУТ оид ба сиёсати тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сардорони як қатор раёсатҳо ва  намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО атрофи самтҳои гуногуни амалисозии  “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба масъулин саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар анҷом резолютсияи ҷаласаи шарҳи якҷояи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-1) қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 81
  • 1,219
  • 898,497