Ҷаласаи Шӯрои координатсионии “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” доир гашт

Ҷаласаи Шӯрои координатсионии “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” доир гашт
Декабр 29
16:27 2020

29 декабри соли равон дар толори машваратии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ҷаласаи Шӯрои координатсионии “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қудратулло Қурбонов, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, мутахассисони соҳа ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, саҳми он дар беҳтар намудани саломатии маъюбон бағоят калон мебошад.

Тавонбахшӣ ба кӯдакони дорои маъюбият имкон медиҳад, ки онҳо дар  оянда  мустақилона  зиндагӣ  намуда,  дар  ҷомеа  ҳамчун як шахси тавоно иштирок намоянд.

Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 26 декабри соли 2018 дар паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии  табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробон монда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ  таваҷҷуҳи  хос  зоҳир намуда, дар ин самт  тадбирҳои  саривақтиро  амалӣ  карда  истодаем».

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи шахсони имконияташон  маҳдуд аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  28 октябри соли  2016, № 455 “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қабул гардид.

Мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб ва фароҳам овардани муҳити мусоид ба шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 711
  • 1,103
  • 947,449