Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба ду санаи муҳими таърихӣ

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба ду санаи муҳими таърихӣ
Сентябр 06
12:02 2019

Бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани 2-юмин агрегати НБО-и Роғун дар Сарраёсати Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори Сарраёсати Хадамоти  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ низ бо суръат рушд карда истодааст.

-Ба ҳамагон маълум аст, ки  қабл аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави вилояти Хатлон ягон корхонаи истеҳсолии маводҳои доруворӣ вуҷуд надошт. Ва дар ҳар ноҳияи вилоят танҳо як адад дорухона фаъолият мекарду халос. Хушбахтона, пас ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави вилояти Хатлон чандин корхонаҳои истеҳсолии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ба фаъолият оғоз намуданд. Инчунин, дар қаламрави вилояти Хатлон муассисаҳои зиёди тиббӣ ба истифода дода шуданд, ки ба мардум хизматрасонии сатҳи баланд мерасонанд,- афзуд Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори Сарраёсати Хадамоти  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон.

Дар чорабинӣ махсус қайд гардид, ки бо дастгирӣ ва супориши Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят бо таҳҷизотҳои тиббии замонавӣ  таъмин шуда истодаанд.  Гуфта шуд, ки агар солҳои қаблӣ сокинони вилоят барои аз оддитарин ташхис гузаштан ба шаҳри Душанбе мерафтанд, имрӯз баҳри ташхису табобати шаҳрвандон дар вилоят тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Таъкид гардид, ки имрӯз ширкатҳои фарматсевтӣ  дар вилоят кӯшиш доранд, ки дорухонаҳои худро бо талаботҳои имрӯза ҷавобгӯ намуда, ба мардум хизмати софдилона расонанд. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари назорати сифат ва сатҳи хизматрасонӣ, ҳамчунин ба хотири пешрафти соҳа байни соҳибкорону кормандони соҳаи тандурустӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори Сарраёсати Хадамоти  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ҳамчунин илова кард:

“Дар барорбари таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ, инчунин кишвари моро як санаи муҳими дигари таърихӣ дар пеш аст. Тавре иттилоъ дорем, 9-уми сентябри соли равон дуюмин агрегати яке аз нерӯгоҳҳои бузурги кишвар НБО-и Роғун мавриди истифода қарор мегирад. Ин иншоотро  барҳақ ҳамчун иншооти аср ном бурдан мумкин аст, зеро бо ба пурра мавриди истифода қарор гирифтани он кишвари мо ба яке аз кишварҳои содиркунандаи нерӯи барқ табдил меёбад. Ин ҳама дастовардҳои кишвари азизамон дар пайи заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 104
  • 1,219
  • 898,520