Ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон баргузор гашт

Ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон баргузор гашт
Июн 16
16:31 2022

Имрӯз, 16 июни соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони як қатор вазорату идора ва  кумитаҳо, роҳбарияти Барномаи идоракунӣ волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон баргузор гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни  ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки дар иртибот ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати татбиқи воқеии Ҳадафҳои Рушди Устувор Маҷлиси намояндагон дар назди Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ моҳи марти соли 2022 аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони сохторҳои давлативу хусусӣ ва шарикони рушд Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон созмон дода шуд. То имрӯз якчанд Конвенсияҳои СММ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида ва ё ба онҳо ҳамроҳ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат ҷиҳати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, Фармон «Дар бораи ба имзорасонии матни Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» аз 2 феврали соли 2018 қабул гардид.

Тибқи фармони мазкур 22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” Президенти кишвар дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» имзо гузоштанд.

Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон аз тарафи ин созмон 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлат эътироф гардидани он қуваи қонунӣ гирифтааст. Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон пеш аз ҳама, ин иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар баробари ин, омодагиҳои тадорукотии вазорату идораҳои дахлдор аз яктараф ва азму талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон, аз ҷониби дигар барои тадриҷан тайёр намудани заминаҳои иҷтимоию иқтисодии муносиб ҷиҳати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон низ нек арзёбӣ мегардад.

Дар назди иштирокчиён ҳамчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи корӣ Шодихон Ҷамшед, роҳбари Барномаи идоракунӣ волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон Алишер Каримов, Раиси “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон”, аъзои гурӯҳи корӣ Асадулло Зикрихудоев баромад намуда, роҷеъ ба “Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва зарурати таъсиси гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар назди Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ: мақсад ва вазифаҳо” ва “Муаррифии лоиҳаи Нақшаи кории (Шӯрои ҷамъиятӣ) гурӯҳи корӣ барои соли 2022” ахбороти муфассал доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 688
  • 1,103
  • 947,426