Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии озмоишгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии озмоишгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Май 13
14:32 2024

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байнисоҳавии техникӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии озмоишгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, намояндагони сохторҳои дахлдор ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии техникии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар доираи барномаи пешгирии пандемия, омодагӣ ва вокуниш ва ташаббуси ягонаи саломатӣ сурат гирифт.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба хадамоти озмоишгоҳии соҳаи тандурустӣ ва Кумитаи амнияти озуқавории мамлакат, аз ҷумла дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, самтҳои афзалиятноки нақшаи стратегии рушди хадамоти озмоишгоҳӣ ва қадамҳои минбаъдаи он барои рушди соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин замина, қайд кардан лозим аст, ки пандемияи COVID-19 ба хадамоти тандурустии кишварҳои ҷаҳон таъсири бевоситаи хешро расонида, нишон медиҳад, ки то чӣ ҳад набудани системаҳои озмоишгоҳии боэътимод метавонад ба ошкор, ташхис ва назорати бемориҳои сироятӣ монеа эҷод кунад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 94
  • 1,127
  • 893,101