«АЛЛО, ДУХТУР?…». Фаъолияти табибони «Ёрии таъҷилӣ» дар ҳолати паҳншавии коронавирус дар Душанбе

«АЛЛО, ДУХТУР?…». Фаъолияти табибони «Ёрии таъҷилӣ» дар ҳолати паҳншавии коронавирус дар Душанбе
Май 06
06:47 2020

Табибон  ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати пайдо намудани аломатҳои коронавирус (2019-nCoV) ҳатман  ба хона «Ёри таъҷилӣ»-ро   даъват намоянд. Зеро  рафтани худи бемор ба шифохона   метавонад чандин нафари дигарро  зери хатари сироят қарор диҳад. 

Дар бораи кори «Ёрии таъҷилӣ»  дар вазъияти  имрӯза  дар шаҳри Душанбе хабарнигори  АМИТ «Ховар» Елена БАТЕНКОВА  гузориш  медиҳад.

«Имрӯзҳо тамоми кормандони «Ёрии таъҷилӣ» — и тиббӣ   дар ҳолати фавқулодда,  ба таври  шабонарӯзӣ, аз андозаи имконият  берун, қариб ки бе истироҳат  кор мекананд.  Онҳо чун ҳамеша ба аҳолӣ  кӯмаки аввал  мерасонанд. То  беҳбуд ёфтани вазъиёт  чунин ҳолат идома хоҳад ёфт.  Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки бо пайдо шудани коронавирус  ва афзоиши зангҳои телефонӣ   бемориҳои дигар низ аз байн нарафтаанд», — гуфт  сардухтури  ин  хадамоти тиббӣ   Бобохон АБДУРАҲИМЗОДА  дар суҳбат бо мо.

Ӯ мегӯяд, ки дар тӯли 24 соати охир  ба «Ёри таъҷилӣ»  137 шаҳрванд  муроҷиат намуда,  аз ин теъдод  37 нафар  дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд. « Шумораи зангҳои телефонӣ  ба мисли рӯзҳои  қаблианд , аммо шароит тағйир ёфтааст ва талабот  аз кори табибон низ  имрӯз дигар аст.  Духтурони мо бори аввал бо  шахсони гирифтори коронавирус  дучор мешаванд. Имрӯз  дар  қатори беморон бо сактаи дил ва  сактаи  майна, ҳамчунин  мубталоёни коронавирусро низ табобат мекунем»,- шарҳ медиҳад  Бобохон Абдураҳимзода.

Ба хотири қадре осон кардани кори табибон, Бобохон Абдураҳимзода аз шаҳрвандон даъват ба амал меоварад, ки қоидаҳои лозимаро риоя созанд. Дар  бораи ин тадбирҳо  аллакай тамоми ВАО-  и ватанӣ ва хориҷӣ муддати тӯлонӣ таъкид менамоянд. «Риояи қоидаҳои беҳдошт, пӯшидани ҳатмии ниқобҳо, худдорӣ намудан аз ҷойҳои серодам, ҳамчунин  истеъмоли  ғизои солим на танҳо шарти асоси саломатии ҳар шахс, балки пирӯзӣ дар набард бо коронавирус мебошад.  Ба ҳеҷ ваҷҳ ба табобати худсарона оғоз кардан лозим нест. Дар сурати пайдо шудани нахустин нишонаҳо дарҳол ба табибон муроҷиат бояд намуд, то аз анҷоми бад раҳо биёбем.» , — гуфт ӯ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 400
  • 1,099
  • 923,612