Шурӯъ аз 6-уми декабри соли равон дар Муассисаи давлатии Мачмааи тандурустии “Истиклол” амалиёти ҷарроҳии дил миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсони модарзодии дил оғоз гардид. Иқдоми мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон”, бо мақсади кумак ба оилаҳои эҳтиёҷманд роҳандозӣ гардидааст.
Маврид ба таъкид аст, ки амалиёти ҷарроҳӣ аз тарафи мутахассисони соҳаи тиббӣ Аморати Мутаҳидаи Араб дар ҳамбастагӣ бо мутахасисони ватанӣ ба таври ройгон гузаронида мешаванд. Дар рӯзи якуми амалиёт 7 нафар ва дар рӯзи дуюм 6 нафар кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсони модарзодии дил бо мувафақият ҷарроҳӣ шуда, иқдоми мазкур идома дорад.