Ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ густариш меёбанд

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ густариш меёбанд
Декабр 29
14:44 2023

Имрӯз, 29 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода  Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба бинои нави вазорат хайрамақдам гуфт.

Баъдан, Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Олмон дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат ба ҷониби Олмон изҳори миннатдорӣ баён намуд. Махсусан, номбурда аз ҳамкориҳои вазорат бо Бонки рушди Олмон (KfW) ва Ташкилоти ҷамъиятии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) махсус ёдовар шуд.

Мулоқот дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гашта, ҷонибҳо баҳри густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 87
  • 1,040
  • 947,865