Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбанд

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбанд
Декабр 11
15:22 2020

10 декабри  соли  равон дар доираи машваратҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкориҳои  молиявию техникӣ дар 2020 бо иштироки муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва намояндагони ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Олмон видеоконфронс доир гардид.

Ғафур Муҳсинзода вазъи ҳамкориҳои кишварро бо Олмон мусбат арзёбӣ  намуд ва қайд гардид, ки ин ҳамкориҳо асосан ба масъалаҳои дастрасии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, хусусан минтақаҳои деҳотӣ ба хизматрасонии тиббӣ, соҳаи модару кўдак, танзими оила, таъмини бехатарии хўрока, пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил нигаронида шудааст.

Ҷонибҳо бори дигар тасдиқ карданд, ки ҳамкориҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Олмон барои расонидани хадамоти босифати тандурустӣ дар доираи SDG 3 бо мақсади беҳтар намудани саломатии аҳолии Тоҷикистон равона карда шудааст, ки он бояд ба беҳтар шудани дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ, алахусус дар деҳот ба хидматҳои асосии тиббӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва ба таври устувор маблағгузорӣ мешаванд, кӯмак кунад.

Инчунин, дар рафти ҷаласаи маҷозӣ ҷонибҳо оид ба тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди бемории сил, хизматрасонии босифати тиббӣ ба модар ва кӯдак, таъмини амнияти озуқавории модарон ва кӯдакон ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраршуда барои иҷрои Протоколи машваратҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкориҳои  молиявию техникӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 380
  • 1,099
  • 923,592