Ҳамоиши идона бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши идона бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сентябр 07
17:17 2023
Имрӯз, 7 сентябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба фарорасии санаи таърихии 32-солагии Рўзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, роҳбарони муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ, шаҳри Душанбе ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.
Чорабинии идонаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ифтитоҳ намуда, дар симои ҳозирин кулли сокинони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ин санаи фархунда табрик ва муборакбод намуда, ба онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ, рўзгори пурфайзу пурбаракат, саодати хонаводагӣ ва комёбиву хушбахтӣ орзу намуд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Истиқлол арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба ҳисоб рафта, Тоҷикистони азизамон маҳз ба туфайли он ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эътироф ва мавқеи шоистаи худро дар байни кишварҳои мутамаддин соҳиб гардид”.
“Роҳи таърихии халқи мо дар муддати сию ду сол, роҳи осон набуд, зеро кишвари азизамон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи мухолифатҳои шадиди дохилӣ дар ҳолати парокандагӣ қарор дошта, душманони миллат мехостанд, ба ҳар роҳу восита давлати навбунёди тоҷиконро аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв созанд. Хушбахтона, бар хилофи нерўҳои ҷудоихоҳ, хоинони миллат ва бархе доираҳои манфиатдори хориҷӣ, қувваҳои солими ҷомеа таҳти парчами муттаҳидию ягонагӣ сарҷамъ гардида, ҷиҳати расидан ба истиқлоли комил ва ваҳдати миллӣ талош варзиданд”,-зикр гардид дар ҳамоиш.
Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи фароҳам омадани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки арзишҳои бисёр азизу муқаддас маҳсуб ёфта, ҳифзу гиромидошти, он вазифаи ҳар шаҳрванди бонангу баномус маҳсуб меёбад, заминаҳои боэътимоди барпо кардани ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуд.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини тоҷикон нақши бунёдгузориро доранд. Хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи эшон дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо аз ҷониби ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ба таври сазовор баҳогузорӣ шуда, ҳам аз нигоҳи илмӣ ва ҳам амалӣ собит гардидааст.
Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.
Дар ҳамоиш инчунин гуфта шуд, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии давлатӣ, Ҳукумати мамлакат дар баробари дигар соҳаҳои муҳимтарини кишвар, ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин давра баҳри бунёд, азнавсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонидани онҳо иқдомҳои бузург амалӣ карда шудаанд. Баҳри таъмини бонизоми рушди соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ даҳҳо стратегияву консепсия ва барномаҳои соҳавӣ қабул карда шуданд, ки татбиқи босамари онҳо айни замон бомаром идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки зарурати гузаронидани ислоҳот дар кишвар, аз ҷумла ислоҳоти бахши тандурустӣ, соли 1994 аз ҷониби Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд. Дар ин замина соли 1995 Барномаи давлатии ислоҳоти иқтисодӣ таҳия ва қабул гардида, ба истиқрори иқтисоди бозаргонӣ нигаронида шуд, ки барои таҳияи дурнамои минбаъдаи соҳаи тандурустӣ замина гузошт.
Дар ин муддат Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва се маротиба Стратегияи рушди соҳа қабул ва амалӣ карда шуд, ки шабакаи кумаки аввалияи тиббӣ самти афзалиятнок муайян гардида, заминаи ҳуқуқӣ, моддию техникӣ, инфрасохтор, иқтидори кадрӣ ва мукаммалгардии маблағгузории соҳа беҳтар гардид.
Бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасонии аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ яке аз ислоҳотҳои назарраси соҳаи тандурустӣ принсипи тиббӣ оилавӣ ворид гардид, ки бо ин мақсад сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Аз он ҷумла, дар ин давра заминаи меъёрии ҳуқуқии тибби оилавӣ тавассути қабули қонунҳо, нақшаҳои стратегӣ ва барномаҳо пурзўр гардида, инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ, хусусан муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, рушди захираҳои инсонӣ, аз ҷумла тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ имконпазир гардиданд.
Ҷиҳати беҳтаркунии дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар умум 2883 адад муассисаҳои тандурустӣ сохта шуда, 89 фоизи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ бо таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида шуда, то имрўз 86 фоизи муассисаҳо аз рӯи принсипи тибби оилавӣ фаъолият мекунанд.
Дар давоми 32 сол, соҳаи тандурустии кишвар бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат аз дастгирии доманадори ҷомеаи ҷаҳонӣ бархўрдор гардида, ҳамкориҳо бо 27 давлатҳои хориҷи кишвар хуб ба роҳ монда шуда, дар натиҷа 34 созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шуда, амалишавии онҳо дар сатҳи зарурӣ анҷом дода шуданд.
Дар маҷмӯъ, қайд карда шуд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар даврони Истиқлолият дар тамоми бахшҳо рушду нумуъ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, ки ин ҳама дастовардҳо маҳз самараи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Баъдан, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён бо сухани табрикотӣ баромад намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро бахшида ба ин ҷашни бузурги миллӣ табрик ва муборакбод намуд.
Номбурда аз ҷумла қайд кард, ки маҳз дар натиҷаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар кишвар рушд ва пешрафт намуда, ба натиҷаҳои муҳим ва назаррас ноил гардид.
Сипас, ба ифтихори ин ҷашни муҳим як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.
Барномаи консертии пешниҳоднамудаи ҳунармандони хушсалиқа идомабахши чорабинии мазкур буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 226
  • 638
  • 861,477