Ҳамоиши идона бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ”

Ҳамоиши идона бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ”
Октябр 01
17:47 2022

Ба муносибати фарорасии “Рӯзи забони давлатӣ”, ки шурӯъ аз соли 2009 ба ин су 5 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, имрӯз, 1 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Ҳамоиши идонаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони мамлакатро бахшида ба ин санаи фархунда табрику шодбош намуд.

Баъдан, муовини вазир Шодихон Ҷамшед доир ба “Рӯзи забони давлатӣ” маърӯза намуд.

Қайд гардид, ки воқеан ҳам забон рукни муҳими давлатдорӣ ва нишонаи ҳар қавму миллат ба шумор рафта, он ҷузъи тамаддуни умумибашарӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин ҷост, ки дар дунё ҳар қавму миллатро бо забонаш мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Боиси хушнудист, ки тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таърихи бою ғанӣ низ аз қадимулайём соҳибзамон буданд.

Таърих собит намудааст, ки гузаштагонамон ҳазорҳо сол пеш аз ин дорои як забон- забони ориёӣ будаанд. Бо мурури замон ва гузашти садсолаҳо аз шохаҳои забони ориёӣ дигар забонҳо вобаста ба давру замон ва макону маҳалҳо ба вуҷуд омаданд. Бо вуҷуди ҳамагуна тохтутозҳои бераҳмонаву ғоратгарона, сухтору қатлу куштор, шикасту парокандагӣ ва хусумату таассубҳо соҳибзабонон тавонистанд бақою асолати забони тоҷикиро нигоҳ доранд ва онро аз таъсири дигар забонҳо наҷот диҳанд.

Маҳз ақлу хиради азалии миллати тоҷик боис бар он гардид, ки забони модариашон дар тули ҳазорсолаҳо муҳофизат карда шуда, он мақому мартабаи хешро дар байни дигар забонҳо нигоҳ дорад.

Осори бою гаронбаҳо ва пурарзиши адибону олимони фарзона, ҳамчун пири ҳакимони замона- чун Рӯдакии Панҷрӯдиву Фирдавсии Тӯсӣ, Абӯалӣ ибни Синои Бухороиву Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абӯрайҳони Беруниву Бедил, Саъдиву Ҳофизи Шерозу Абдураҳмони Ҷомӣ, Шоҳини Хатлониву Аҳмади Дониш ва садҳои дигар тайи зиёда аз ҳазору сад сол ҷаҳони ботини инсониятро шаҳомати маънавӣ бахшида, дар масъалаи ба арши аъло расонидани забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузоштаанд.

Ба шарофати ҳунару истеъдоди азалии чунин фарзандони фарзонаи миллат на танҳо забони тоҷикӣ то замони мо омада расид, балки ба оламиён ҳамчун забони олимону орифон ва нобиғагон шинохта шуд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун таъкид кардаанд: “Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”.

Пас аз ба даст овардани истиқлоли комили миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

Махсусан дар ин давра баҳри рушди замони тоҷикӣ дар кишвар як қатор барнома ва ҳуҷҷатҳои соҳавӣ қабул карда шуданд, ки баҳри баланд бардоштани мақому манзалати он дар ҷомеа нақши муҳими хешро гузошта истодаанд.

Дар ин росто, маврид ба тазаккур аст, ки то имрӯз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Забони миллат – ҳастии миллат” дар ду ҷилд ба нашр расида, пешниҳоди хонандагон гардидааст.

Роҳбари давлат ҳадафи аслии чопи китобро дар сарсухан чунин баён кардаанд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳу поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳиси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забон пайванд медонам”.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо замони ноби тоҷикӣ суханронӣ намудаанд.

Шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир нақши миллати тоҷикро дар тули таърих баҳри ҳифозати забони модарии хеш чунин маънидод намудааст, ки воқеан ҳам ҳақ бар ҷониби уст:

…Оҷ гум карда забонро гум накард,

Тоҷ гум карду замонро гум накард.

Бахт гум карду забонро гум накард,

Тахт гум карду забонро гум накард…

Дар охир таъкид гардид, ки қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 725
  • 1,103
  • 947,463