Ҳамоиши идона бахшида ба Рўзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Январ 25
16:39 2024

Ҳамасола 25 январ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзи касбии кормандони ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана имрӯз, 24 январи соли равон дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид.

Зимни чорабинӣ гуфта шуд, ки фаъолияти кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ аз нигоҳубини шахсони маъюбиятдошта, ниёзманд, солхӯрдаву бесаробонмонда ва кӯдакони маъюбу маъсум, ятиму бепарастор иборат аст. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 226 ташкилоту муассисаҳо ва хадамоти иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 4088 нафар кормандон ба ин табақаи ниёзманд, яъне маъюбону бепарасторон хизмат мерасонанд.

Танҳо дар соли 2023 ба 1388 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шудааст. Дар маҷмуъ, ба 11958 нафар эҳтиёҷмандон дигар намуди воситаҳои ёрирасони тавонбахшӣ, аз ҷумла пойафзоли ортопедӣ, дастгоҳҳои шунавоӣ, асобағалҳо ва маҳсулотҳои гуногуни протезӣ ва ортезҳо дастрас гардонида шудааст.

Ҳамзамон, дар соли 2023 аз тарафи тамоми шабакаҳои муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо ба зиёда аз 34 051 нафар ниёзмандон хизматрасониҳои гуногуни иҷтимоӣ пешниҳод гардидааст.

Дар охири чорабинӣ як қатор кормандони соҳаи иҷтимоӣ бо унвони “Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ” ва “Ифтихорнома”-ву “Сипоснома” қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат на танҳо ба маъюбону пиронсолон, балки ба оилаҳои ниёзманд низ беназир аст. Зеро танҳо давоми соли 2023 дар доираи амалисозии механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ба 229 748 оилаҳо ва 927 000 кӯдакони то 16-солаи ҳамин оилаҳо дар ҳаҷми зиёда аз 132 млн сомонӣ кумакпулӣ пардохт гардидааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 210
  • 579
  • 862,690