Ҳамоиши иттилоотӣ-маърифатӣ бахшида ба 1 декабр- Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО

Ҳамоиши иттилоотӣ-маърифатӣ бахшида ба 1 декабр- Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО
Декабр 01
17:48 2022

Бахшида ба санаи 1 декабр-Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел, доираи васеъи намояндагони дигар вазорату идораҳо,   созмонҳои байналмилалӣ табибону олимони соҳа, доираи васеъи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳунармандону овозхонҳои саршиноси кишвар иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо сухани ифтитоҳӣ ба кори чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки; “Вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил  ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилот бетараф нест. Ҳамин аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо  ва дар сатҳи сабалнди маърифативу иттилоотӣ баргузор намудани ин сана пеш аз ҳама ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва воқиф гардидан аз роҳу услуби ҳифзи сиҳатии худ аз ин беморӣ нигаронида шудааст”.

Дар рафти чорабинӣ, ҳамзамон ба фаъолони соҳа ва табибони мубориз дар муқобили доманпаҳннамоии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ифтихорномаҳо супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО бори аввал аз ҷониби Ташкилоти Умумиҷаҳони Тандурустӣ (ТУТ) соли 1988 эълон шуда, аз соли 1996 аз ҷониби ЮНЭЙДС гузаронида мешавад. Ин рӯз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, ки дар натиҷаи паҳншавии сирояти ВНМО ба вуҷуд омадааст,  инчунин рӯзи ёдбуди қурбониёни ин беморӣ таъсис дода шудааст. Бисёре аз созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва тиббии саросари ҷаҳон дар ин рӯз чорабиниҳои омӯзишӣ ва ташхисӣ баргузор менамоянд.

Ҳадаф аз қайд намудани Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО-ин баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷаҳонӣ дар бораи бемории мазкур ва нишон додани ҳамбастагии байналмилалӣ дар муқовимат бо ин пандемия мебошад. Дар ин рӯз ба шарикони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ имкони воқеии паҳн кардани маълумот дар бораи вазъи ин беморӣ ва кӯмак дар пешрафти пешгирӣ ва табобати ВНМО, инчунин нигоҳубини беморон дар тамоми дунё дода мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ташаббуси Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди  ВНМО бори аввал моҳи августи соли 1987 аз ҷониби Ҷеймс В. Бунн ва Томас Неттер таҳия шуда буд. Ҷонатан Манн, директори Барномаи Глобалӣ оид ба  ВНМО ақидаи онҳоро пазируфт ва ӯ розӣ шуд, ки Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО ҳамасола аз 1 декабри соли 1988 қайд карда мешавад.

Бояд гуфт, ки Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО ҳамасола дар ҷаҳон таҳти шиорҳои гуногун гузаронида мешавад. Мавзӯи шиор мақсади асосиро ҷиҳати даъвати фаъолони сиёсӣ барои нигоҳ доштани уҳдадориҳои худ барои таъмини дастрасии ҳамагон ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирии гирифторони ВНМО муайян менамояд.

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди  ВНМО дар соли 2022  бо шиори “Замони баробарӣ” интихоб гардид. Шурӯъ аз соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола чорабиниҳои гуногун бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО баргузор мегардад. Дар соли ҷорӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Замони баробарӣ», ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, бахшида ба ин сана дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ҳамоишҳо дар шаҳрҳои Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ баргузор гардида, ҳамзамон маводҳои иттилоотӣ, пахши барномаҳои телевизионӣ тавассути «ТВ Тоҷикистон», «ТВ Сафина» ва «ТВ Варзиш»  овехтани овезаҳо дар назди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Сирки давлатӣ, намоиши филмҳои кӯтоҳмуддат ва ғайра доир карда шуд.

Дар охир барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони  саршиноси кишвар  ба иштирокдорон чорабинӣ  пешниҳод карда гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 735
  • 831
  • 719,101