Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ мулоқот намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии  Ҷумҳурии Исломии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ мулоқот намуд
Июл 17
18:47 2023

Имрӯз, 17 июли соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Баҳром Айнуллоҳӣ  мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамзамон Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустии ин кишвар, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Дар мулоқот қайд гардид, ки  ҳамкориҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои гуногун, хосатан дар соҳаи тандурустӣ дар маркази диққати роҳбарони ду кишвар қарор дошта,  марҳилаи сифатан нави рушдро касб намуда истодаанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохурӣ бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон  иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи ҳифзи солимии аҳолӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, он дар даҳсолаи охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳа, аз ҷумла коркарди гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли муштараки маводи доруворӣ, ҷори намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани табибони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ин замина густариш додани мубодилаи таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Зикр гардид, ки роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир  намуда, бо мақсади ривоҷ додани соҳаи дорусозӣ дар  кишвар корхонаҳои зиёди хуру калон ба кор дароварда шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 16 июли соли равон як гурӯҳ намояндагони соҳаи тандурустии ин кишвар таҳти роҳбарии вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар идомаи сафари корӣ вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Баҳром Айнуллоҳӣ  аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва Бемористони Ибни Сино дидан намуд.

Аснои боздид меҳмонон бо рафти шароит ва имконоти муҳайёгардидаи таҳсил ва илмомӯзӣ дар ин даргоҳи таълимӣ ва ҳамзамон сатҳи хизматрасонии тиббии муассисаҳои номбурда шинос шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки соҳаи тибби Ҷумҳурии Исломии Эрон махсусан, соҳаҳои гуногуни беҳдоштӣ, дармонӣ ва улуми пизишкии  ин кишвар, аз қабили чарроҳии дил, табобати бемориҳои чашм ва пайвандсозӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.

Дар маҷмӯъ, сафари намояндагони соҳаи тандурустии кишвари дусту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ёдовар мешавем, ки аз 23 то 27 октябри соли  2022 ва аз 5 то 12 майи соли 2023  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Исломии  Эрон қарор доштанд.

Дар доираи сафарҳои кории хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор муассисаҳои таълимӣ  ва тиббию табобатии ин кишвар дидан ба амал оварда, бо ҳамтоёни эронӣ доир ба рушди ҳамкориҳо мубодилаи афкор намудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 104
  • 1,219
  • 898,520