Ҷамолиддин Абдуллозода Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёлро ба ҳузур пазируфт

Ҷамолиддин Абдуллозода Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёлро ба ҳузур пазируфт
Май 27
13:43 2021

Имрӯз, 27 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёлро ба ҳузҳур пазируфт.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёлро барои ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш шодбош намуда, ба фаъолияти минбаъдаи кории ӯ барору муваффақият орзу намуд.

Тавре зикр гардид, ҳанӯз соли 1996 Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ба имзо расида, имрӯз ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ дар марҳалаи рушд  қарор доранд.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон 115 ширкати фарматсевтӣ ва 117 намуд маводи дорувории кишвари Туркия ба қайд гирифта шудааст.

Қайд гардид, ки Намояндагии Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ  (TIKA)  бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои хубро ба роҳ мондааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон ҷонибҳо доир ба сафарбарнамоии табибони тоҷик ҷиҳати гузаштан аз такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар кишвари Туркия, ҳамкориҳо дар самти рушди фаъолияти бахши хусусӣ, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва рушди  ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,543
  • 1,421
  • 958,065