Ҳар шаш сония як нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат мерасад

Май 11
09:51 2017

Дирӯз 10 майи соли равон дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” оид ба “Ҳафтаи чоруми Глобалии бехатарии ҳаракати нақлиёт”, ки аз 8 то 14 май дар ҳоли баргузорӣ қарор дорад мизи мудаввар сурат гирифт. Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииаҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Разоқов Абдувалӣ, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ оид ба осебшиносӣ-радодӣ, профессор, ҷамъомадро оғоз намуда, вобаста ба оқибатҳои садамаҳои нақлиётӣ суханронӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки дар миқёси ҷаҳон 5 миллион нафар дар натиҷаи осебҳо мефавтанд, ки аз инҳо 1 миллион дар садамаҳои нақлиётӣ, яъне ҳар шаш сония як кас вафот мекунад. Дар ҷумҳурӣ бошад, ҳамасола то 200000 нафар осебҳои умумӣ мебардоранд, ки аз он 420 то 490 нафараш мефавтанд. Ҳамчунин дар қиёс бо кишварҳои пешрафта, ки рақами ягонаи қабули ҳодисаҳои фавқуллодаро доранд, бигзор дар Тоҷикистон низ чунин рақам ҷорӣ карда шавад.

Дар чорабинии мазкур гуфта шуд; “Баъд аз насби камераҳои назоратӣ садамаҳои нақлиётӣ то 20 фоиз кам шудааст. Дар соли 2016 бар асари 1326 садамаи нақлиётӣ 427 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 1419 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Нисбат ба соли 2015 шумораи садамаҳо 149 адад (10,1%) ҳалокшудагон 22 нафар (ё 4,9%) ва маҷрӯҳшудагон 157 нафар (10,0%) кам шудааст.

Вобаста ба пешниҳоди корманди тандурустӣ оиди рақами ягона гуфт, ки чунин рақам вуҷуд дорад ва он 1919 мебошад, ки сокинони ҷумҳурӣ мутавонанд дар ҳама маврид муроҷиат карда метавонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 711
  • 1,103
  • 947,449