“Ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намояд…”

“Ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намояд…”
Июн 09
07:47 2020

Мутобиқи Амри Раиси вилоят ва бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва сирояти бемории коронавирус  корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пурзўр гардида истодааст.

Дар шаҳру ноҳияҳо  ситодҳои маҳаллӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳо доир ба ин масъала таҳия ва тасдиқ карда шуданд.

Тавре аз раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят хабар доданд, гурўҳҳои корӣ бо усули гардиши “Хона ба хона” дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Зафаробод, Шаҳристон бо аҳолӣ мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.

Зимни вохӯриҳо аз сокинон даъват карда шуд, ки аз гаштугузор ва баромадани бидуни зарурат аз худдорӣ намоянд. Ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набарояд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 199
  • 1,263
  • 841,948