“Арзёбии эҳтиёҷоти гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ”

“Арзёбии эҳтиёҷоти гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ”
Октябр 06
16:16 2021

Имрӯз, 6 октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо Миссияи арзёбии ниёзи гурезаҳои Бонки ҷаҳонӣ иборат аз хонум Одри Сакс, мутахассиси калони рушди иҷтимоӣ, хонум Мелисса Ҷонс, мушовир, хонум Надя Фернанда Пиффаретти, иқтисоддони калон, хонум Фарзона Муҳиддинова, мутахассиси хоҷагии об ва захираҳо, хонум Мутриба Латипова, мутахассиси калон оид ба нигоҳдории тандурустӣ, хонум Варалакшми Вемуру, менеҷери амалияи рушди иҷтимоӣ ва хонум Мирҷа Шеблом, иқтисоддони калони тандурустӣ иборат буд, мулоқот намуд. Ҳамзамон дар мулоқот ба таври онлайн мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ низ иштирок намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо мавзӯи “Арзёбии эҳтиёҷоти гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба самтҳои дигари масъала мубодилаи афкор намуданд.

Аз ҷумла, зимни мулоқот вазъи гурезаҳои кишвари Афғонистон дар  минтақа ва як қатор кишварҳои олам баррасӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки бояд аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ба гурезаҳои ин мамлакат шароит ва имконоти муосид фароҳам оварда шавад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки бо назардошти муташаннич гардидани вазъи сиёсии кишвари Афғонистон ҳазорҳо шаҳрвандони ин кишвар ба як қатор давлатҳои минтақа ва олам паноҳ бурдаанд, ки масъалаи таъмини онҳо бо ҷои хоб, маводи ғизоӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ва дигар самтҳои хизматрасонӣ дар маркази таваҷҷуҳи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Инчунин, аз ҷониби мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ доир ба дарсҳои байналмилалӣ барои пешбурди амал дар самти гурезаҳо низ маълумот пешниҳод гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 377
  • 1,099
  • 923,589