Аёдати беморон ва шиносоӣ аз рафти таълими донишҷӯён

Аёдати беморон ва шиносоӣ аз рафти таълими донишҷӯён
Январ 31
12:50 2024
30 январи соли равон ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва мулоқот бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ташриф овард.
 Зимни боздид номбурда аз рафти хизматрасонии тиббӣ дар ин марказ дидан намуда, инчунин бо наздикону пайвандони як қатор беморон суҳбат анҷом дод ва аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.
Дар маркази номбурда ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими донишҷӯёни кафедраи ҷарроҳии кӯдакона низ шинос шуда, барои азхудкунии нозукиҳои ин соҳа ба донишҷӯён маслиҳат ва тавсияҳои муфид доданд.
Дар инҷо ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода аз озмоишгоҳ барои санҷиши омилҳои гемофилия низ дидан намуда, бо фаъолияти он шинос гардид.
Аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти маркази болозикр ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 133
  • 1,495
  • 1,034,872