Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар шаҳри Бӯстон бахшида ба фарорасии Иди саиди Фитр ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои хайру эҳсон ба роҳ монда шуда, дар ин айём аёдати шахсони ятиму бепарастор, имконияташон маҳдуд, пирони рӯзгордида ва оилаҳои ниёзманд сурат гирифта истодааст.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Бӯстон аёдати зиёда аз 200 оила дар остонаи идҳои дарпешистодаи фитр ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсони саховатпеша ба роҳ монда шуд.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли равон ба 7 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳри Бӯстон бо дастгирии шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд ва дигар сохторҳо аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.