Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъбасти семоҳаи аввалӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2017 доир гардид. Дар кори чорабинӣ дар қатори мутасасисони касбу кори гуногун С. Маллазода- сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, И.Шарипов- сардори шуъбаи Хадамоти давлати ташхисии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимои вилоят, С. Раҳимов -сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон, Аламов- сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии минтақаи Кӯлоб, Ҷ. Саидов -сардори Раёсати Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии дар вилояти Хатлон, М.Қараев -сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии иштирок намуданд. Дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим пешравиву дастовардҳо дар соҳаи тиббӣ вилоят низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта ҳамзамон ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти дар соҳа вуҷуддошта пешниҳодҳо низ ироа карда шуд.
Аз дастовардҳо ва мушкилоти соҳаи тиб натиҷагири карда шуд.
Апрел 15
13:52
2017