Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар семоҳаи аввали соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар семоҳаи аввали соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд
Апрел 15
15:30 2023

Имрӯз, 15 апрели соли равон дар  маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар  семоҳаи аввали соли 2023 баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар семоҳаи аввали соли 2023 баромад намуд.

Қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ишоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ҷиҳати дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ва таъмини хизматрасонии арзандаи тиббӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи тиб ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла, дар ин давра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Маркази саломатии Зарафшон дар ноҳияи Зафаробод, Маркази ташхисию тиббии хусусӣ дар деҳаи Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Муассисаи тиббии хусусии “Дастаи дил” ва бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ  намуданд.

Бояд гуфт, ки давоми 3 моҳи соли 2023 дар доираи фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор дар самти таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тақвият бахшида шуда, аз ҷониби вазорат 3 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳо тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Инчунин, 2 қарор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, айни замон мавриди амал қарор доранд, аз он ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” аз 2 марти соли 2023, №79 ва “Дар бораи Низомномаи экспертизаи тибби ҳарбӣ” аз 27 марти соли 2023, №11.

Дар ин давра бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур идома ёфта, дар 3 моҳи соли 2023 ба 61 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд, аз ин шумора 57 нафар (42 нафар гурда ва 15 нафар ҷигар) дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” ва 4 нафар (гурда) дар Муассисаи давлатии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара” мебошанд.

Дар самтҳои бемориҳои чашм ва ҷарроҳии умумӣ дастовардҳо дар сатҳи муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ 9 адад ва навгониҳо 5 адад амалӣ карда шудаст, аз ҷумлаи  гузоштани адасаи дохилии чашм, вискоэластикаи когензивӣ ҳангоми ҷарроҳии чашмпардаи оризавӣ, гемитиреоидэктомия, буриши метаболикии дастакмонанди меъда бо бемории чураҳои сурохии сурхнои ҳаҷоб гузоштани тури композитӣ, гастропексияи эндоскопӣ.

Масъалаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рӯзномаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ доимо мавриди муҳокима қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, пешгирӣ ва коҳиш додани ҳодисаҳои фавт як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуд. Аз ҷумла, дар самти таҳия ва боздиди протоколҳои клиникӣ дар якҷоягӣ бо мушовирони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи акушерӣ ва педиатрия дар моҳҳои феврал ва марти соли равон якчанд нишастҳои корӣ гузарониданд. Дар ҳамин робита мутахассисони маҳаллӣ оид ба пешгирӣ, ташхис, табобат ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ, иллатҳои гипертензивӣ, диабети гестатсионӣ, бемориҳои дарунравӣ ва илтиҳоби шуш дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар самти рушди нерӯи кадрии соҳаи хизматрасонӣ ба кӯдакон дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар табибони кардиоревматолог, 4 нафар пулмонолог, 2 нафар гематолог аз курсҳои аввали такмили ихтисос дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он гузашта истодаанд. Инчунин, айни ҳол 6 нафар табибони неонатолог дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз даври бозомӯзӣ гузашта истодаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандони соҳаи хизматрасонӣ ба модар ва кӯдак аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинаталогии Тоҷикистон, муассисаҳои таваллудии шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ 110 нафар табибони акушер – гинеколог, неонатолог, момодоя ва ҳамшираҳои тиббии навзодон дар мавзӯи «Нигоҳубини самараноки перинаталӣ» аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ дар давоми 6 рӯз омӯзонида шуданд.

Дар баробари ин, ҷиҳати омӯхтани вазъи хизматрасонӣ ба занони ҳомила аз ҷониби мутахассисони соҳаи солимии репродуктивӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мониторинг гузаронида шуд.

Инчунин, дар сатҳи марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо ва шуъбаҳои таваллудию кӯдакона ташрифҳо вобаста ба вазъи хизматрасонӣ ба модарон ва кӯдакон гузаронида шуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо тавсияҳо дода мешавад.

Дар идомаи баромади хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат доир ба фаъолияти дигар бахшҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ маълумот пешниҳод намуд.

Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо  низ доир ба фаъолияти хеш дар семоҳаи аввали соли 2023 баромад карданд.

Дар идома вазъи феълии соҳаи тандурустӣ дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан, одоби муоширати табибон бо беморон, истифодаи дурусти таҷҳизоти муосири тиббие, ки аз ҷониби вазорат ба муассисаҳои соҳавӣ дастрас карда шудаанд, пешгирии бемориҳои сироятӣ, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,550
  • 1,421
  • 958,072