Аз ҷониби Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ беш аз 11 ҳазор ташхисҳои озмоишгоҳӣ ба тариқи ройгон гузаронида шуд

Аз ҷониби Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ беш аз 11 ҳазор ташхисҳои озмоишгоҳӣ ба тариқи ройгон гузаронида шуд
Январ 20
10:22 2023

Масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, ветеранҳои ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин, дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҷаноби Олӣ дар ҳама суханронӣ ва баромаду маърӯзаҳояшон дар ин мавзуъ махсус таъкид менамоянд, ки ин табақаҳои шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буданд: “Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Бино ба иттилои директори Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” Баҳодур Холназар, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, давоми соли 2022 аз тарафи  озмоишгоҳ ба 2428 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 154 376 сомонӣ ба тариқи ройгон беш аз 11 ҳазор ташхисҳои озмоишгоҳӣ  гузаронида шуд.

Номбурда ҳамзамон  иброз дошт, ки дар ин давра ба 423 нафар бошандагони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” низ 191 ташхиси умумии хун, 153 ташхиси умумии пешоб, 79 ташхиси умумии фазла ба тариқи ройгон гузаронида  шуд.

Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”, ки дорои тамоми дастгоҳҳои муосир ва шароитҳои ташхисӣ мебошад, фаъолияти хубу босамари он  барои ташхиси саривақтӣ ва  табобати дурусту босифат мусоидат хоҳад кард.

Дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда,  таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гардад. Ҳамзамон, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат  мебошад.

Баҳодур Холназар, директори Озмоишгоҳи миллии референсӣ иброз дошт, ки муассисаи мазкур минбаъд низ фаъолияти хешро баҳри иҷрои дастуру  ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ идома хоҳад дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 748
  • 831
  • 719,114