Аз ҷониби Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба 1262 нафар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ташхисҳои ройгон гузаронида шуд

Аз ҷониби Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба 1262 нафар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ташхисҳои ройгон гузаронида шуд
Июл 22
10:37 2022

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ давоми шашмоҳаи аввали соли 2022 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Дар ин самт дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа аз тарафи муассиса ба 777 нафар маъюбон ба маблағи 57030 сомонӣ, ба 374 нафар шаҳрвандони камбизоат ба маблағи 30387 сомонӣ, ба 111 нафар дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 9276 сомонӣ ва дар умум ба 1262 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 96693 сомонӣ ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ  гузаронида шудааст.

Дар навбати худ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ин иқдоми роҳбарияти озмоишгоҳ истиқбол намуда, баҳри фароҳам овардани чунин шароити мусоид ба Роҳбарияти олии мамлакат, хосатан ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 81
  • 1,058
  • 888,493