Аз ҷониби Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор вояи ваксинаи “AstraZeneca” ҳамчун кӯмаки башардӯстона дастрас гардид

Аз ҷониби Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор вояи ваксинаи  “AstraZeneca” ҳамчун кӯмаки башардӯстона дастрас гардид
Июл 22
08:00 2021

Дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба аз тарафи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳазор вояи ваксинаи  “AstraZeneca” ҳамчун кӯмаки башардӯстона дастрас гардид.

Дар маросими таҳвил ва қабули вояҳои ваксинаи мазкур дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мушовири Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вугар Ибрагимов, Консули Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элмаддин Рзаев, сардори Раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Саидзода иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки тақдими вояҳои ваксинаи мазкур аз ҷониби кишвари Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар ба шумор  рафта, ин ташаббус аз равобити неки ду кишвари дӯсту бародар гувоҳӣ медиҳад.

Бояд гуфт, ки вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақша ба аҳолии мамлакат гузаронида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 51
  • 964
  • 914,760